Супоридани эътимоднома ба Президенти Австрия

21.01.2026 10:44

20 январи соли 2026 дар шаҳри Вена cафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия Манучеҳр Ҷобир эътимодномаи худро ба Президенти Федералии Ҷумҳурии Австрия ҷаноби Александр Ван дер Беллен супорид.

Пас аз маросими супоридани эътимоднома суҳбати сафир бо Президенти Федералии Австрия доир гардид. Сафири Тоҷикистон паёму таманниёти неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Федералии Австрия ҷаноби Александр Ван дер Беллен расонид. Номбурда низ дар навбати худ дуруду паёми гарми худро ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуд.  

Ҷонибҳо ҳамчунин роҷеъ ба тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи сиёсӣ ва иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Австрия мубодилаи афкор намуданд.    

 

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим