21 январи соли 2026 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ардашер Қодирӣ бо муовини Сарвазир – вазири интиқоли энергетика ва таҳавули оби Малайзия Дато Сри Ҳоҷи Фадиллаҳ ибни Ҳоҷи Юсуф мулоқоти судманд анҷом дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Малайзияро дар бахшҳои мухталиф, аз қабили иқтисодӣ, тиҷоратӣ сармоягузорӣ ва обу энергетика мавриди баррасӣ қарор доданд. Инчунин, мавзуи таъмини иштироки ҳайати малайзиягӣ дар 4-умин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018–2028, ки баргузории он рӯзҳои 25-28 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе дар назар аст, матраҳ гардид.
Таваҷҷуҳи зиёд ба зарурати таҳкими равобити тиҷоратӣ миёни ду кишвар дар густариш ва тавсеаи робитаҳои тиҷоратӣ, фароҳам овардани имкониятҳои сармоягузорӣ ва дастгирии корхонаҳои муштарак дар бахшҳои муҳими саноат зоҳир гардид.
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan