27 январи соли 2026 даври сеюми машваратҳои сиёсӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арабии Миср баргузор гардид. Ҳайатҳои ҷонибҳоро муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода ва муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арабии Миср Амр Ҳамза роҳбарӣ намуданд.
Дар ҷараёни машваратҳо масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетика, сайёҳӣ, башардӯстона, илму маориф, фарҳанг, саноат, алоқаи ҳавоӣ, таҳкими пояи шартномавию ҳуқуқӣ, инчунин ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар анҷоми машваратҳои сиёсӣ Ёддошти тафоҳум байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи омӯзишҳои дипломатии Вазорати корҳои хориҷӣ, муҳоҷират ва мисриёни хориҷ аз кишвари Ҷумҳурии Арабии Миср ба имзо расид.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan