Аввалин машваратҳои консулӣ байни Тоҷикистон ва Миср

29.01.2026 10:27
 

28 январ 2026 дар шаҳри Қоҳира аввалин машваратҳои консулӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арабии Миср баргузор гардид.

Ҳайати Тоҷикистонро муовини вазири корҳои хориҷӣ Фаррух Шарифзода, ва ҳайати Мисрро муовини вазири корҳои хориҷӣ Ҳаддод Ал-Ҷавҳарӣ роҳбарӣ карданд.

Ҷонибҳо масъалаҳои гуногуни марбут ба робитаҳои консулӣ ва ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд. Дар доираи машваратҳо Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арабии Миср оид ба мутақобилан бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, хизматӣ ва махсус ба имзо расид.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим