26 январи соли 2026 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷӣ, Фаррух Шарифзода, аз Осорхонаи бузурги Миср боздид намуд.
Дар рафти боздид, мулоқоти Фаррух Шарифзода ва директори Осорхонаи бузурги Миср, Аҳмад Ғунейм, сурат гирифт. Дар ин мулоқот, ҷонибҳо зарурати таҳкими ҳамкориҳо миёни осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осорхонаи бузурги Мисрро баррасӣ намуда, ба имзо расонидани санади ҳамкорӣ миёни осорхонаҳои ду кишвар таъкид карданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan