Қабули нусхаи эътимодномаи сафири Миср

25.02.2026 13:44

25-уми феврали соли 2026 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода сафири фавқулодда ва мухтори навтаъйини Ҷумҳурии Арабии Миср дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар шаҳри Тошканд Томир Фатҳӣ Абдуссалом Ҳаммодро ба муносибати супоридани нусхаи эътимоднома ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Миср мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Муовини вазири корҳои хориҷӣ ба сафири нави Миср дар фаъолияти минбаъдаи дипломатиаш дар Тоҷикистон барору комёбиҳо орзу намуд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим