ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
с.2005, №7, мод.402; с.2007, №7, мод.660; с.2008, №10, мод.800; с.2011, №12, мод. 837;
с.2014, № 3, мод.148)
Ҳамин Қонун ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои ҷамъият, таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти мўътадили мақомоти ҳокимияти давлатӣ, поктинатӣ ва беғаразӣ дар хизмати давлатӣ равона гардида, асосҳои ташкилию ҳуқуқии пешгирӣ, ошкоркунӣ, кушодан ва барҳам додани оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсро муқаррар карда, навъҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ва чораҳои ҷавобгариро барои онҳо муайян менамояд.
БОБИ 1.
МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1 . Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
– коррупсия – кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамоянд, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо (ҳаракат ё беҳаракатӣ) ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)
– муқовимат ба коррупсия – таъмини талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба коррупсия, таҳия, қабул ва амалисозии чораҳои пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия, ошкор ва бартараф намудани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ташаккули фазои оштинопазирӣ нисбат ба коррупсия ва ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ, баланд бардоштани фарҳанг ва маърифати ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа ва таъмини иштироки фаъоли ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди муқовимат ба коррупсия; (ЌЉТ аз 14.03.14с., № 1073)
– истифодаи мақом ё имкониятҳои он – истифодаи якдафъагӣ, такрорӣ ё мунтазами ваколатҳои хизматӣ ва суиистифодаи мансаб, инчунин барқарор намудани алоқаҳои устувори як ё якчанд шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё ба онҳо баробар кардашуда бо шахсон ё гурўҳҳои алоҳида бо мақсадҳои дар сархати 1 ҳамин модда номбаршуда, ки ба манфиатҳои давлат ва ҷамъият таҳдид мекунанд;
– ҳуқуқвайронкуниҳои бо коррупсия алоқаманд – ҳуқуқвайронкуниҳои бо ҳамин Қонун ва дигар қонунҳо пешбинишудае, ки барои коррупсия шароит ба вуҷуд меоваранд, ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии бо коррупсия алоқаманд, ҳамчунин ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидоштае мебошанд, ки боиси ҷавобгарии бо қонун муқарраршудаи интизомӣ, маъмурӣ, ҳуқуқии гражданӣ ва ҷиноӣ мегарданд;
– субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд – шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор, ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин шахсоне, ки ба шахсони барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробар кардашуда ғайриқонунӣ неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигарро пешниҳод менамоянд; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)
– шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор – шахсоне, ки ба таври доимӣ, муваққатӣ ё бо ваколати махсус мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ ё мансабҳои давлатии хизмати давлатиро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол менамоянд, ҳамчунин шахсони мансабдори субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидоре, ки на кам аз нисфи моликияти онҳоро ҳиссаи давлат ташкил медиҳад; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)
– шахсони ба шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор баробаркардашуда – шахсони мансабдори мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони мансабдори ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, шахсоне, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати номзад ба ишғоли мансабҳои давлатии интихобӣ ё аъзои мақомоти давлатии интихобӣ ба қайд гирифта шудаанд, ҳамчунин шахсони мансабдори давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, ки бо мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибат доранд; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)
– вазифаҳои давлатӣ – вазифаҳое, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ба ваколатҳои давлат, мақомоти он ва шахсоне, ки мансабҳои давлатиро ишғол менамоянд, мансуб донистаанд;
– хешовандони наздик – зан (шавҳар), фарзандон, падару модар, бародарон, хоҳарон, инчунин падару модар, бародарон, хоҳарон ва фарзандони зан (шавҳар), қудоҳо, келинҳо, домодҳо, ҳамчунин дигар шахсоне, ки бо шахси ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахси ба он баробар кардашуда якҷоя зиндагӣ карда, хоҷагии умумӣ мебаранд. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мубориза бар зидди коррупсия ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур
1. Қонуни мазкур дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ амал мекунад.
2. Қонуни мазкур берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони ҳуқуқие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном гардидаанд, амал мекунад, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
3. Ҳамин Қонун нисбати шахсони мансабдори давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ё бо шахсони мансабдор, мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибат доранд, амал мекунад.
4. Мамониатҳои дохил шудан ба хизмати давлатӣ, маҳдудиятҳо, ўҳдадориҳо, инчунин ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии бо ин Қонун барои шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор пешбинишуда дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи ҳамин Қонун ба шахсоне, ки ба онҳо баробар карда шудаанд, татбиқ мегарданд.
5. Муқаррароти Қонуни мазкур оид ба манъи хизмати якҷояи хешовандони наздики дар сархати 4 қисми якуми моддаи 9, маҳдудиятҳои дар сархатҳои 1, 2, 3, 6, 7 ва 9 қисми 1 моддаи 10, ҳуқуқвайронкуниҳои дар сархатҳои 5, 6 ва 9 қисми 1 моддаи 11, сархатҳои 7, 12 ва 14 қисми 1 моддаи 12 ҳамин Қонун пешбинишуда нисбати шахсони мансабдори ташкилотҳои ба моликияти инфиродӣ ва оилавии шаҳрвандон таъсисгардида татбиқ намегарданд.
6. Нисбати шахсони мансабдори ташкилотҳои соҳаи кооператсияи матлубот, иттиҳодияҳо (ассотсиатсияҳо), корхонаҳои иҷоравӣ, кооперативҳои истеҳсолӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ, фондҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, дигар ташкилотҳои ба моликияти дастаҷамъии ғайриоилавӣ асосёфта, ки дар онҳо роҳбари ташкилот молик, муассис ё сармоягузори асосӣ намебошад қонуни мазкур ба истиснои муқаррароти сархатҳои 1, 2 ва 3 қисми 1 моддаи 10 татбиқ мегардад.
Моддаи 4 . Принсипҳои асосии мубориза бар зидди коррупсия
Мубориза бар зидди коррупсия, бо ба вуҷуд овардани шароити поктинатӣ барои шахсоне, ки дар сархати 4 моддаи 1 ҳамин Қонун номбар шудаанд, дар асоси принсипҳои зерин ба амал бароварда мешавад:
- эътироф, риоя ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)
- баробарии ҳама дар назди қонун ва суд; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)
- танзими дақиқи ҳуқуқии фаъолияти субъектҳои ҳуқуқвайронкунии бо коррупсия алоқаманд, қонуният, шаффофият ва ошкорбаёнӣ дар фаъолияти онҳо ва назорати давлативу ҷамъиятӣ аз болои ин субъектҳо; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)
- такмили сохтори дастгоҳи давлатӣ ва тартиби ҳалли масъалаҳое, ки ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дахл доранд;
- эътирофи раво будани маҳдудкунии ҳуқуқ ва озодиҳои шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор, инчунин шахсони ба онҳо баробар кардашуда мутобиқи моддаи 14 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ногузир будани ҷавобгарӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)
- манъ будани иҷрои вазифаҳои давлатӣ дар ҳолати бархӯрди манфиатҳои шахсӣ ва давлатӣ; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)
- роҳ надодан ба хешутаборчигӣ, маҳалгароӣ ва пуштибонӣ ҳамчун зуҳуроти кирдорҳои коррупсионӣ; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)
- барқарор намудани ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, пешгирӣ намудан ва барҳам додани оқибатҳои зарарноки ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд;
- аз тарафи давлат муҳофизат намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони ба иљрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробар кардашуда, муқаррар намудани музди меҳнат ва имтиёзҳое, ки ба онҳо ва аҳли оилаашон сатҳи муносиби зиндагиро таъмин мекунанд;
- манъ будани ваколатдоркунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ба фаъолияти соҳибкорӣ машғулбуда ба танзими давлатӣ ва назорат аз болои фаъолияти соҳибкорӣ;
- пешбурди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ бо мақсади пешгирӣ, ошкор кардан, кушодан ва рафъ намудани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, ошкор ва муайян намудани шахсони онҳоро тайёркунанда, тайёркарда, содиркунанда ё содиркарда, инчунин татбиқи тадбирҳои махсуси назорати молиявӣ; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)
- таъмини амнияти шахсӣ ва кафолати ҳуқуқии шахсоне, ки ба мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд мусоидат менамоянд; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)
- ҳамкории давлат бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва шахсони воқеӣ. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)
Моддаи 5. Мақомоти мубориза бар зидди коррупсия
1. Мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, прокуратура, корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ, идоракунии ҳарбӣ, назорати маводи нашъаовар, андоз ва гумрук дар доираи салоҳияти худ бар зидди коррупсия мубориза мебаранд.»; 1. Мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, прокуратура, корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ, идоракунии ҳарбӣ, назорати маводи нашъаовар, андоз ва гумрук дар доираи салоҳияти худ бар зидди коррупсия мубориза мебаранд.
2. Ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти мубориза бар зидди коррупсия, пешбурди кори таҳлилӣ ба зиммаи мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва мониторинги омории вазъи мубориза бар зидди коррупсия ба зиммаи мақомоти прокуратура гузошта мешавад.
3. Иҷрои талаботи моддаҳои 7, 8, 9, 10, 16 ва татбиқи ҷавобгарии интизомии дар моддаи 11 Қонуни мазкур муқарраршударо роҳбарони ҳама мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои давлатӣ ва дар ҳолатҳои пешбиникардаи ҳамин Қонун роҳбарони ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар доираи ваколатҳои ба онҳо додашуда таъмин менамоянд. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)
4. Мубориза бар зидди коррупсия бо иштироки васеи аҳолӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори омма ба амал бароварда мешавад.
Моддаи 51. Субъектҳои муқовимат ба коррупсия
1. Вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ, субъектҳои хоҷагидоре, ки на кам аз нисфи моликияти онҳоро ҳиссаи давлат ташкил медиҳад, инчунин ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, аз ҷумла иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои байналмилалие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, субъектҳои муқовимат ба коррупсия мебошанд.
2. Барои иҷрои вазифаҳои муқовимат ба коррупсия роҳбарони субъектони муқовимат ба коррупсия масъул мебошанд.
3. Талабот, мамониат, маҳдудият ва ӯҳдадориҳои иловагӣ оид ба пешгирии омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия, ки бо Қонуни мазкур муқаррар шудаанд, нисбати шахсони мансабдори субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва субъектҳои хоҷагидоре, ки на кам аз нисфи моликияти онҳоро ҳиссаи давлат ташкил медиҳад, татбиқ карда мешаванд.
(ҚҶТ аз 14.03.14с., №1073)
Моддаи 52. Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми умумимиллии машваратӣ, мутобиқсозандаи фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати амалигардонии чораҳои пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия буда, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад ва ба ӯ ҳисоботдиҳанда мебошад.
2. Ҳайат ва Низомномаи Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва тасдиқ карда мешавад.
(ҚҶТ аз 14.03.14с., №1073)
Моддаи 6. Кафолати дахлнопазирии шахсоне, ки ба мубориза бар зидди коррупсия мусоидат
менамоянд
1. Шахсе, ки дар бораи ҳодисаҳои ҳуқуқвайронкунии ба коррупсия алоқаманд хабар додааст ё ба тариқи дигар ба муборизаи зидди коррупсия мусоидат намудааст, таҳти ҳимояи давлат қарор дорад.
2. Иттилоот дар бораи шахсе, ки ба муборизаи зидди коррупсия мусоидат намудааст, сирри давлатӣ мебошад ва фақат бо дархости мақомоте, ки дар қисми 1 моддаи 5 ҳамин Қонун зикр шудаанд, ё суд бо тартиби муқаррарнамудаи қонун танҳо бо ризоияти онҳо пешниҳод карда мешавад. Ошкор намудани ин сир боиси ҷавобгарии бо қонун пешбинишуда мегардад.
3. Дар ҳолати зарурӣ мақомоте, ки бар зидди коррупсия мубориза мебаранд, амнияти шахсии онҳоеро, ки ба муборизаи зидди коррупсия мусоидат мекунанд, таъмин менамоянд.
4. Муқаррароти ин модда ба шахсоне, ки дидаю дониста хабари бардурўғ расонидаанд ва мутобиқи қонун барои он бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд, татбиқ намегардад.
Моддаи 61. Ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди
коррупсия
Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди коррупсия дар асоси принсипҳои ҳамкории байналмилалии ҳуқуқӣ бо мақсадҳои пешгирии коррупсия ва мубориза бо он ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ амалӣ менамояд.
(ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)
БОБИ 2.
ПЕШГИРӢ НАМУДАНИ КОРРУПСИЯ
Моддаи 7. Талаботи махсус нисбати довталабони вазифаҳои давлатӣ ва шахсони ба иҷрои
вазифаҳои давлатӣ ваколатдор
1. Бо мақсади роҳ надодан ба суиистифодаи вазъи ҳуқуқӣ ё нуфузи он ба манфиатҳои шахсӣ, гурўҳӣ ва дигар манфиатҳои ғайрихизматӣ бо Қонуни мазкур ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати довталабони мансабҳои давлатӣ, шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор, инчунин шахсони ба онҳо баробар кардашуда, маҳдудият ва ўҳдадориҳои махсус муқаррар карда мешаванд.
2. Таъин намудан ба (ишғоли) мансаб ба сифати шахси ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ва шахсони ба онҳо баробар кардашуда маънои ихтиёран ба зимма гирифтани ин ўҳдадорӣ ва маҳдудиятҳоро дорад.
3. Маҳдудият ва ўҳдадориҳо нисбати шаҳрвандоне, ки ба сифати номзад ба мансабҳои давлатии интихобӣ ба қайд гирифта шудаанд, бо қонунҳо дар бораи интихобот ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 8. Чораҳои назорати молиявӣ
1. Довталабони мансабҳои давлатӣ дар мавриди таъин (интихоб) ба мансаб ва шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ҳар сол ба мақомоти андози ҷои истиқоматашон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даромадҳояшон эъломия пешниҳод менамоянд.
2. Мақоми давлатие, ки ҳуқуқи ба вазифаи давлатӣ таъин (интихоб) ва аз он озод намуданро дорад, ҳуқуқ дорад дар мавриди ба мансаб таъин (интихоб) намудани шахсон ва аз шахсони мансабҳои давлатиро ишғолкунанда соле як маротиба маълумоти зеринро талаб намояд:
- дар бораи даромадҳои аз тамоми манбаъҳо гирифтаи онҳо;
- молу мулки ғайриманқул ва манқули арзишашон дар алоҳидагӣ зиёда аз ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо, аз ҷумла молу мулки берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъбуда ё муваққатан дар ихтиёри шахси дигар буда бо нишон додани арзиш ва суроғаи он;
- дар бораи пасандозҳои бонкӣ, аз ҷумла дар бонкҳои хориҷӣ доштаашон ва коғазҳои қиматноке, ки шахсан ё ҳамроҳи дигарон ихтиёрдорӣ мекунанд;
- дар бораи иштироки бевосита ё бавосита ба сифати саҳмгузор ё иштирокчии ширкату ҷамъиятҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), дигар субъектҳои хоҷагидор ва фондҳо бо нишон додани шакли иштирок ва фоизи моликият дар онҳо;
- дар бораи қарзҳои ҳаҷмашон бештар аз 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва дигар ўҳдадориҳои молиявӣ, аз ҷумла дар хориҷа;
- маълумот оид ба молу мулки аъзои оила.
3. Пешниҳод накардан ё пешниҳод кардани маълумоти нопурра ва носаҳеҳе, ки дар қисми 2 ҳамин модда пешбинӣ гардидаанд, агар дар ин кирдор таркиби ҷиноят ҷой надошта бошад, барои рад кардани ба мансаб таъин (интихоб) намудан ё аз мансаб озод намудан асос мегарданд.
4. Маълумоти пешниҳодшуда ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ошкор карда намешавад.
Моддаи 9. Мамониатҳо барои таъин (интихоб) намудан ба мансабҳои давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробар кардашуда
1. Шахс дар чунин мавридҳо наметавонад ба мансабҳои давлатӣ ё мансабҳои ба онҳо баробар кардашуда таъин (интихоб) шавад ё дар чунин вазифаҳо бошад:
- мавҷудияти доғи судӣ барои ҷинояти барқасдона содир намуда, агар ин доғи судиаш аз байн нарафта ё аз рўи тартиби муқарраркардаи қонун бардошта нашуда бошад;
- ғайри қобили амал эътироф кардан ё маҳдуд намудани қобилияти амали шахс бо қарори суд;
- надоштани таҳсилот, ихтисос ё собиқаи кории дахлдоре, ки мавҷудияти онҳо мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вазифаи мазкур ҳатмӣ мебошанд;
- бевосита дар итоат, таҳти назорат ё ҳисоботдиҳанда будани мансаби ишғолшаванда ё ишғолнамудаи ў ба мансабҳое, ки онро хешовандони наздики ў ишғол кардаанд;
- дар сурати шаҳрванди давлати хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд будан, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар роҳ додани чунин шахсон ба хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардида бошанд;
- дар дигар мавридҳое, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд.
2. Дар сурати риоя накардани мамониатҳои дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда қарори ба мансаб таъин (интихоб) шудани шахс бо эътироз ё пешниҳоди прокурор ё бо ташаббуси худи мақоми қарорро қабулкарда ё мақоми болоӣ бекор карда мешавад.
3. Ҳангоми ба миён омадани мамониатҳои номбурда дар давоми иҷрои мансаби давлатӣ ё мансаби ба он баробар кардашуда бо пешниҳоди ҳамин мақомот дар мўҳлати на дертар аз се моҳ корманд ба мансаби дигари мувофиқ гузаронида мешавад.
4. Дар ҳолати мавҷуд набудани имконияти ба дигар мансаб гузаронидани корманд ё аз гузаштан ба мансаби дигар норозӣ будани ў ё ба миён омадани дигар мамониати хизмати давлатиро истиснокунанда корманд аз мансаб озод карда мешавад.
Моддаи 10. Маҳдудиятҳо вобаста ба иҷрои мансаби давлатӣ ва мансаби ба он баробар кардашуда
1. Ба шахси ба иҷрои мансаби давлатӣ ваколатдор ва мансаби ба он баробар кардашуда манъ аст:
- ба кори дигари музднок дар асоси шароити ишғолкунии мансаби штатӣ, ғайр аз фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омўзгорӣ машғул шавад;
- аз рўи масъалаҳои вобаста ба фаъолияти мақоми давлатие, ки дар он ҷо хизмат мекунад ё бевосита тобеъ ё бевосита таҳти назорати он мақом қарор дорад, вакили шахсони сеюм бошад;
- шахсан ё ба воситаи шахсони боэътимод ба соҳибкорӣ машғул шавад. Шахси ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ўҳдадор аст, ки ҳиссаи (саҳмияҳои) дар сармояи оинномавии ташкилотҳои тиҷоратӣ қарордоштаи моликияти худро дар давраи дар хизмати давлатӣ буданаш таҳти кафолат ба идоракунии эътимоднок диҳад;
- воситаҳои молиявӣ, моддию техникӣ, нақлиётӣ, дигар захираҳои давлатӣ ё коллективӣ ва ахбороти хизматиро ба мақсадҳои ғайрихизматӣ истифода намояд;
- барои хизмате, ки аз рўи вазифаҳои хизматии худ анҷом додааст, инъомҳо гирад, ба шахсони мансабдори болоӣ тўҳфа диҳад ва хизмат расонад, ба истиснои тўҳфа ва армуғонҳои рамзӣ дар чорабиниҳои расмӣ ва маросимҳои дигар. Арзиши умумии тўҳфаҳои гирифташуда дар давоми сол аз 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо набояд зиёд бошад;
- аз ҳисоби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ ба саёҳат ва сафарҳои дохилиҷумҳуриявӣ ва хориҷии муолиҷавӣ - табобатӣ, саёҳатӣ ва дигар сафарҳо равад, ба истиснои сафарҳо бо даъвати хешовандони наздик ва аз ҳисоби онҳо ва сафарҳо дар асоси санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё бо мувофиқаи байни мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти давлатии кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, ки аз ҳисоби мақомоти давлатии дахлдор ё ташкилотҳои байналмилалӣ сурат мегиранд;
- супоришу дастурҳои ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои динӣ ва субъектҳои хоҷагидорро, ки ба хизмати мақомоти давлатӣ дахл доранд, ба ҷо оварад ё мақоми хизматии худро ба манфиати онҳо истифода барад;
- бар хилофи манфиати кор бюрократизм, идорабозӣ ва маҳалгароӣ зоҳир намояд, нисбати ягон ташкилот, мақомот, иттиҳодияҳои шаҳрвандон ё шахси мушаххас бадхоҳ ё хайрхоҳ бошад;
- барои дар матбуот, радио ва телевизион интишор ва пахш гардидани мақолаю баромадҳои дар чорабиниҳои расмӣ ба сифати хизматчии давлатӣ баёнкарда, ки таҳияи онҳо ба ўҳдадории хизматиаш дохил мешавад, ҳақи қалам гирад.
2. Иҷро накардани маҳдудиятҳои номбурда барои ба ҷавобгарӣ кашидани шахс мутобиқи боби 3 ҳамин Қонун асос мегардад.
БОБИ 3.
ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИҲОИ БА КОРРУПСИЯ АЛОҚАМАНД ВА ҶАВОБГАРӢ БАРОИ ОНҲО
Моддаи 11. Ҳуқуқвайронкуниҳое, ки барои коррупсия шароит ба вуҷуд меоваранд ва ҷавобгарӣ барои онҳо
1. Кирдорҳои зерини шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ва шахсони ба онҳо баробар кардашуда ҳуқуқвайронкунии барои коррупсия шароит бавуҷудоваранда ҳисобида мешаванд:
- истифодаи мақоми худ дар ҳалли масъалаҳое, ки ба манфиатҳои шахсӣ, хешовандони наздик ё шахсони сеюм дахл доранд;
- монеъ шудан ё ғайриқонунӣ дахолат кардан ба иҷрои фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва назоратӣ дар қаламрави муайян, ё нисбати объектҳо ва ё шахсони мушаххас;
- иштирок ба сифати намояндаи манфиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз рўи корҳои мақоме, ки ин шахс дар он ҷо кор мекунад ё зердасти вай мебошанд ё фаъолияти онҳоро назорат мекунад;
- иштирок дар қиморбозиҳои пулӣ ё қиморбозиҳои дигари характери молумулкӣ дошта бо шахсони мансабдори болоӣ ё тобеъ ва ё аз ягон ҷиҳати корӣ ё хизматӣ ба онҳо тобеъ; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)
- машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ, узвият дар ташкилотҳои тиҷоратӣ ё мақомоти идоракунии онҳо;
- пешбарӣ ва (ё) таъин намудан ба мансаб ба сифати шахси ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробар кардашуда, дар сурати мавҷуд будани мамониатҳо барои ишғол намудани чунин мансаб, ки дар моддаи 9 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, ё дидаву дониста риоя накардани маҳдудиятҳои муқарраркардаи ҳамин Қонун дар мавриди хизмати якҷояи хешовандони наздик, дидаву дониста, ғайриқонунӣ аз мансаб озод намудан ё ба мансаби дигар гузаронидани кормандон;
- пешниҳоди бартариятҳои бо қонун пешбининагардида (протексионизм) зимни таъин ва (ё) пешбарӣ ба хизмати давлатӣ, таҳсил, фаъолияти илмӣ ва фаъолияти дигари ба онҳо монанд;
- вайрон кардани тартиби бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршудаи баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, ба назар нагирифтани бартарият, имтиёзҳо ва навбати бо қонунгузорӣ ё санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда ё аз ҳолатҳои мушаххас бармеомада дар мавриди ҳалли онҳо;
- ғайриқонунӣ аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ талаб намудани иҷрои шартҳои иловагӣ, пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва талаботи дигари бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбининагардида, ба вуҷуд овардани дигар монеаҳои сунъӣ ва ғайриқонунӣ зимни таъин (интихоб) намудан ва (ё) пешбарӣ намудан ба мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ, ҷобаҷогузорӣ, ҷойивазкунӣ, таҳсил, фаъолияти илмӣ ва дар мавриди амалӣ намудани дигар ҳуқуқу ӯҳдадориҳо ва вазифаҳои хизматчии давлатӣ; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)
- ҳангоми амалӣ намудани фаъолият ва ҳуқуқу ӯҳдадориҳои мансабӣ аз рӯи ғараз ва манфиати шахсӣ қабул намудани қарорҳо ва дигар санадҳои ғайриқонунӣ, содир намудани амалҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла оиди ба кор қабул намудан ва аз кор озод намудани шахс ва дигар амалҳое, ки ҳуқуқу манфиатҳои дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро поймол мекунанд ва ба онҳо зарар мерасонанд; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)
- пешниҳод намудани (гузашт кардани) ваколатҳо оид ба танзими давлатии фаъолияти соҳибкорӣ ва назорати фаъолияти соҳибкорӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба чунин фаъолият машғуланд.
2. Аз ҷониби шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробар кардашуда содир намудани яке аз ҳуқуқвайронкуниҳои дар қисми 1 моддаи мазкур нишон додашуда, агар он таркиби ҷиноятро надошта бошад, боиси ҷазои интизомӣ дар шакли сарзаниш, танбеҳ ё озод намудан аз мансаб мегардад.
3. Содир кардани ду ва зиёда ҳуқуқвайронкунии дар боло зикргардида ё такроран дар давоми сол баъди татбиқи ҷазои интизомӣ содир намудани чунин ҳуқуқвайронкунӣ боиси озод намудан аз мансаб мегардад.
Моддаи 12. Ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии ба коррупсия алоқаманд
1. Кирдорҳои зерини шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ва шахсони ба онҳо баробар кардашуда, агар дар онҳо таркиби ҷиноят мавҷуд набошад, ҳуқуқвайронкунии маъмурии ба коррупсия алоқаманд ҳисобида мешаванд:
- барои фаъолияти худ аз мақомоти давлатӣ, ташкилотҳое, ки шахси мазкур дар онҳо вазифаҳои дахлдорро иҷро намекунад, инчунин аз ташкилотҳои ғайридавлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шахсони воқеӣ дар шакли пул, хизматрасонӣ ва дигар шаклҳо гирифтани ҳар навъ подоши иловагӣ, агар бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳои дигаре пешбинӣ нашуда бошанд;
- қабул кардани тўҳфа ва дигар хизматрасониҳо вобаста ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё ба онҳо баробар кардашуда аз шахсони аз рўи вазифа тобеъ (ба истиснои армуғонҳои рамзӣ ва нишони эҳтиром ҳангоми чорабиниҳои расмӣ ва маросимҳои дигар, ки арзиши умумиашон дар як сол аз 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд нест), инчунин пешниҳод намудани ин гуна тўҳфаву хизматрасониҳо ба шахси мансабдори болоӣ; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)
- истифодаи бартариятҳои бо қонун пешбининагардида дар гирифтану баргардонидани кредит ва қарзи бонкӣ ва дигар ташкилотҳо, харидани коғазҳои қиматнок, молу мулки ғайриманқул, дигар молу мулк, пардохти андозҳои давлатӣ ва иҷрои дигар ўҳдадориҳо; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)
- додани бартарият ва имтиёзҳои ғайриқонунӣ ё беасос ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мавриди таҳия ва қабули қарорҳо, ҷойгир кардани фармоишҳои давлатӣ, дигар фармоишҳои аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва ё ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият маблағгузоришаванда, тақсимоти воситаҳои молиявию моддӣ, захираҳои энергетикӣ ва табиӣ, пардохти андозҳо ва баргардонидани қарзҳо ва иҷрои дигар ўҳдадориҳои молиявию моддӣ;
- бе қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳуқуқи моликият ё ба истифодаи муваққатӣ ба ташкилотҳои ғайридавлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё шахсони воқеӣ ройгон додани захираҳои молиявӣ ва моддии ба фондҳои давлатӣ, субъектҳои давлатии хоҷагидор ва дигар субъектҳои хоҷагидор тааллуқдоштае, ки дар моликияти онҳо ҳиссаи давлат на кам аз нисфро ташкил медиҳад;
- бо мақсадҳои шахсӣ, гурўҳӣ ва мақсадҳои дигари ғайрихизматӣ истифода намудани биноҳо, воситаҳои нақлиёт ва алоқа, воситаҳои электронӣ, маблағҳо ва молу мулки дигари давлатӣ, ки барои адои вазифаҳои давлатӣ вобаста карда шудаанд, агар он бо қонунҳо пешбинӣ нагардида бошад, ба манфиатҳои давлат зарар расонад; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)
- таъсис додан (ташкил кардан) ё аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва ташкилотҳои давлатӣ маблағгузорӣ намудани ташкилотҳои тиҷоратие, ки ба муассис (буҷети давлатӣ, ташкилотҳои мазкур) ҳисса ҷудо намекунанд;
- восита ва захираҳои молиявию моддии давлатиро ба фондҳои интихоботии номзадҳои ҷудогона ва ҳизбҳои сиёсӣ гузаронидан;
- беасос иҷро накардани дархост, пешниҳод, амр, дастур, қарор ва дигар санадҳои дар доираи ваколаташон қабулнамудаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, назоратӣ ва суд; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)
- ба манфиатҳои шахсӣ ё гурўҳӣ истифода намудани маълумоте, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои давлатӣ ба даст омада, паҳнкунии он манъ карда шудааст;
- ғайриқонунӣ дахолат кардан ба фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, риоя накардани мустақилият ва ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, ғайриқонунӣ барҳам додан ё азнавташкилдиҳии онҳо, дахолат ба таъин (интихоб) ба мансаб ва аз мансаб озод намудани роҳбарон ва кормандони субъектҳои хоҷагидори ғайридавлатӣ, маҳдуд намудани рақобат дар бозори мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ); (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)
- ғайриқонунӣ аз ҳисоб баровардан, вайрон кардани тартиби нархгузорӣ ва ба фурўш баровардани молу мулк, гузаронидани музояда ва тендерҳо оид ба хусусигардонии молу мулки давлатӣ ва хариди давлатии мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ), ки ба манфиатҳои давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ зарар расонидааст, инчунин аз тарафи роҳбарони ташкилотҳои давлатӣ худсарона ба иҷора додан ё фурўхтани амволи давлатӣ; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)
- ғайриқонунӣ ё бо шартҳои ба манфиатҳои давлат ва ташкилотҳо ошкоро номувофиқ ба истифода, киро ё иҷора додани воситаҳои асосӣ, замин ва дигар сарватҳои моддию табиӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ғайриқонунӣ рад намудани додан ё кашида гирифтани онҳо;
- пинҳон намудан аз баҳисобгирӣ, ба расмият надаровардани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии ошкоршуда, ғайриқонунӣ аз ҷавобгарии маъмурӣ озод намудан ё доир ба ин ҳуқуқвайронкуниҳо қабул намудани қарорҳои ошкоро ба вазнинии кирдор номувофиқ, инчунин надидани чораҳои барқароркунии зарари бо ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ расонидашуда;
- тартиб додан, ба расмият даровардан, тасдиқ намудан ё ба қайд гирифтани санадҳо, аҳдҳо ва шартномаҳо эъломияҳо, ҳуҷҷатҳои ибтидоии муҳосибавӣ оид ба хариду фурўш, тўҳфа кардан, иваз намудан, гарав, молтаъминкунӣ, киро, иҷора, хусусигардонӣ, аз ҳисоб баровардан, харид намудан ва дигар аҳдҳо оид ба ихтиёрдорӣ, истифода ва интиқоли молу мулк (иҷрои кор, хизматрасонӣ), ки дар онҳо нарх, миқдор, ҳаҷм, соли истеҳсол ва дигар нишондиҳандаҳои амвол (мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ) таҳриф карда шуда, ба ин восита ба манфиатҳои давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ зарар расонида шудааст; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)
- ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар татбиқи ҳуқуқу манфиатҳои қонуниашон ба вуҷуд овардани монеаҳои сунъӣ, аз онҳо талаб кардани ҳуҷҷатҳо ва маълумоте, ки қонунгузорӣ пешниҳодкунии онро аз ҷониби ин шахсон пешбинӣ намекунад, ё рад кардани ба онҳо додани чунин санаду маълумот, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ гардидааст, кашол додани пешниҳодкунии маълумот, додани маълумоти нопурра ё таҳрифшуда, беасос кашида гирифтан ё ба гарав гирифтани ҳуҷҷатҳои ба онҳо тааллуқдоштаи тасдиқкунандаи ҳуқуқ;
- ба шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ва ба онҳо баробар кардашуда пешниҳод намудани неъматҳои моддиву ғайримоддӣ, хизматрасонӣ ва фоида ҷиҳати моилкунии онҳо ба кирдори (ҳаракат ё беҳаракатии) дахлдор ба манфиати шахси пешниҳодкунандаи ин неъмату хизматҳо. Шахсоне, ки неъматҳои моддиву ғайримоддӣ, тўҳфа ва хизматрасониро ба шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё ба онҳо баробар кардашуда дар натиҷаи тамаъҷўии онҳо пешниҳод намуда, дар ин бора ихтиёрӣ ба мақомоти мубориза бар зидди коррупсия хабар додаанд, ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд;
- ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод накардани хабару маълумоти мавҷуда оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии ба коррупсия алоқаманд ё ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта;
- ба мақомоти барои баррасӣ ва қабули қарор ваколатдор пешниҳод накардан ё сари вақт пешниҳод накардани санад ва маводи тафтишу санҷиш, ки дар онҳо оид ба ҳуқуқвайронкуниҳо маълумот мавҷуд аст, сарфи назар аз натиҷаҳои он; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)
- саркашии бадқасдонаи шахси ба пешбурди баҳисобгирии муҳосибавӣ ваколатдор ё роҳбари ташкилот аз барасмиятдарории амалиётҳои молиявию хоҷагидорӣ, ки қонун пешбинӣ кардааст, ё ба асноду ҳисоботҳои молиявӣ, муҳосибавӣ ва оморӣ даровардани маълумотҳои таҳрифшуда оид ба фаъолият ё амалиётҳои молиявию хоҷагидорӣ, инчунин нобуд кардани асноди молиявӣ ва дигар асноди баҳисобгирӣ.
2. Содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳои номбурда аз ҷониби шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё ба онҳо баробар кардашуда, агар дар кирдорҳои онҳо таркиби ҷиноят мавҷуд набошад, барои кашидан ба ҷавобгарии пешбининамудаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон асос мегарданд. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)
3. Содиркунии ду ва зиёда ҳуқуқвайронкунии маъмурии ба коррупсия алоқаманд ё дар давоми сол, баъди додани ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани чунин ҳуқуқвайронкунӣ, барои дар асоси даъвои прокурор бо қарори суд барҳам додани шахси ҳуқуқӣ ё қатъ намудани фаъолияти соҳибкори инфиродӣ асос мегардад.
4. Ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробар кардашуда барои ҳуқуқвайронкунии маъмурии ба коррупсия алоқаманд онҳоро аз ҷавобгарии интизомӣ озод намекунад.
Моддаи 13. Ҷавобгарӣ барои дастаҷамъона қабул кардани қарори дорои хусусияти коррупсионӣ
1. Ҷавобгарии бо Қонуни мазкур муқарраршуда барои қабули қарори хусусияти коррупсионидошта, ки аз тарафи мақоми дастаҷамъӣ қабул шудааст, дар сурате, ки он бевосита ба манфиати роҳбари ин мақом ё хешовандони наздики ў ё ба манфиати шахсони сеюм равона шуда, роҳбари мақоми мазкур ба қабули ин қарор фаъолона мусоидат намуда бошад, ё ба қабули он фаъолона мамониат накарда бошад, пурра ба ўҳдаи роҳбари ин мақом гузошта мешавад. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)
2. Дар ташкилотҳое, ки роҳбарии мақоми дастаҷамъӣ аз тариқи ҷамъиятӣ, роҳбарии маъмурӣ аз ҷониби мақоми иҷроия пеш бурда мешавад, ҷавобгарӣ барои қабули қарорҳои хусусияти коррупсионидошта аз ҷониби мақоми коллегиалӣ, дар ҳолати ҷой доштани кирдори дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда ба ўҳдаи роҳбари мақоми иҷроия гузошта мешавад. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)
Моддаи 14. Ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва тартиби баҳисобгирии онҳо
1. Ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, кирдорҳои дар қисми махсуси Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардидае ҳисоб мешаванд, ки аз тарафи шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ва ба онҳо баробар кардашуда бо ғараз ё дигар манфиатҳои шахсӣ ва бо истифодаи мақоми хизматӣ содир шудаанд ё ба ғайриқонунӣ пешниҳод намудани неъматҳои моддиву ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар ба онҳо вобастаанд. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)
2. Ҷавобгарӣ барои ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта бо Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
3. Феҳристи ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва тартиби баҳисобгирии омории онҳо бо дастурамале, ки аз тарафи мақомоти ҳамоҳангсоз таҳия ва аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, муқаррар карда мешавад.
БОБИ 4.
БАРТАРАФ НАМУДАНИ ОҚИБАТҲОИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИҲОИ БА КОРРУПСИЯ АЛОҚАМАНД
Моддаи 15. Ситонидани молу мулкиғайриқонунӣ гирифташуда ё арзиши хизматрасонии
ғайриқонунӣ
Молу мулки ва арзиши хизматрасоние, ки дар натиҷаи ҳуқуқвайронкунии ба коррупсия алоқаманд ба даст оварда шудаанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фоидаи давлат мусодира карда мешаванд. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)
Моддаи 16. Беэътибор донистани санадҳои ба коррупсия алоқаманд
Санадҳое, ки дар натиҷаи ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд қабул гардидаанд, аз тарафи мақомоти ба қабули он ваколатдор ё мақомоти болоӣ бо ташаббуси худ ё бо эътирози прокурор ё аз тарафи суд бо даъвои прокурор ё шахсони манфиатдори воқеӣ ва ҳуқуқӣ беэътибор дониста мешаванд.
БОБИ 5.
МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 17. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар
бораи мубориза бар зидди коррупсия»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 декабри соли 1999 «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1999, №12, моддаи 314) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 18. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
ш. Душанбе, 25 июли соли 2005
№ 100