Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин 4 январи соли 1992 барқарор шудаанд. Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Душанбе 13 марти соли 1992 ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Пекин 7 апрели соли 1997 ифтитоҳ ёфта, фаъолият доранд.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Саидзода Зоҳир Озод (31.08.2020) ва сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҷи Шумин (15.06.2022) таъйин шудаанд.
4 январи соли 2022 ба барқарории муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Чин 30 сол пур шуд.
Тоҷикистону Чин шарикони ҳамаҷонибаи стратегӣ мебошанд. Тақвият ва рушди муносибатҳои дӯстонаи дуҷониба ва ҳамкорӣ бо ин кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Дар таърихи муносибатҳои дуҷониба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафарҳои расмӣ, давлатӣ ва корӣ (солҳои 1993, 1996, 1999, 2001, 2003, 2007, 2012, 2013, 2014, 2015, 2017, 2018, 2019 ва 2023) ба Ҷумҳурии Мардумии Чин намудаанд.
Роҳбарони Ҷумҳурии Мардумии Чин низ бо сафарҳои расмӣ, давлатӣ ва корӣ (солҳои 2000, 2008, 2014, 2019 ва 2023) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд.
Дар ҷараёни ин сафарҳо санадҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба имзо расидаанд.
Аввалин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин моҳи марти соли 1993 сурат гирифт, ки дар рафти он ба ҳамкориҳои дуҷониба заминаҳо гузошта шудаанд. Моҳи августи соли 2017, зимни сафари навбатии расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин бо натиҷагирӣ аз ҷараёни сафар ва санадҳои баимзорасида, сатҳи ҳамкориҳо то шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ бароварда шуд.
Моҳи августи соли 2023 ҳайати нави Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байни Маҷлиси намояндагони Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷаласаи умумичинии намояндагони Ҷумҳурии Мардумии Чин таъсис дода шуд.
20-23 августи соли 2023 сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Чин доир гардид. Натиҷаҳои ин сафари таърихӣ дар раванди рушду тавсеаи робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Чин, ғанисозии муҳтавои муносибатҳои дуҷониба ва таҳкими минбаъдаи робитаҳои дӯстонаю шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ миёни Тоҷикистону Чин муҳим арзёбӣ мегардад.
1-2 ноябри соли 2023 ҳайати чинӣ таҳти роҳбарии узви Бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Чин, котиби якуми кумитаи ҳизби коммунистии Ноҳияи Мухтори Синзян-Ӯйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Ма Синжуй ба кишварамон ташриф овард.
2 ноябри соли 2023 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номбурдаро ба ҳузур пазируфтанд.
Зимни музокирот доираи васеи масъалаҳои муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар чорчӯби шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар таърихи қариб 10-солаи охир (2014-2023) вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Муҳриддин сафарҳои расмию корӣ (22-25 июли соли 2015, 23 апрели 2018, 23-27 апрели 2023) ба Чин анҷом додааст.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И 20-21 майи соли 2019 ва 23-27 апрели 2023 ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом дод.
Байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар механизми машваратҳои сиёсӣ ба роҳ монда шудааст.
Заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии ду кишварро зиёда аз 200 санади дуҷониба ташкил медиҳад. Изҳороти якҷоя оид ба усулҳои асосии муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 9 марти соли 1993, Шартнома дар бораи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 15 январи соли 2007, Изҳороти якҷояи сарони давлатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба барқарор кардани муносибатҳои шарикии стратегӣ аз 20 май соли 2013 ва Изҳороти якҷояи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкории стратегӣ аз 13 сентябри соли 2014 санадҳои асосие мебошанд, ки муносибатҳои дуҷониба дар заминаи онҳо таҳия шуда, барои рушди муносибатҳои дуҷонибаи устувор ва дарозмуддат пояи қавии ҳуқуқӣ-шартномавӣ гузоштаанд. 31 августи соли 2017 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин Эъломияи муштарак оид ба истиқрори шарикии стратегии ҳамаҷониба ба имзо расонида шуд, ки заминаи мустаҳками рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро фароҳам овард.
Ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ
Ҷумҳурии Мардумии Чин калонтарин сармоягузор дар иқтисоди Тоҷикистон ва шарики асосии тиҷоратӣ ба ҳисоб меравад. Робитаҳои иқтисодии кишварҳоро ҳамсарҳад будани Тоҷикистон ва Чин ва доштани иқтидорҳои фаровони захираҳои табиӣ ба ҳам наздик мекунад.
Нишондиҳандаҳои гардиши савдо дар тӯли 31 сол дар масири шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ аз суръати баланди рушди он гувоҳӣ медиҳад. Агар соли 1993 ҳаҷми гардиши савдои Тоҷикистон ва Чин ба 8,9 миллион доллар баробар бошад, соли 2022 гардиши савдои мутақобила миёни Тоҷикистон ва Чин 1 210 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2021-ум 370,7 млн. доллар ё 44,2 фоиз зиёд мебошад.
Дар зарфи 9 моҳи соли 2023, дар раддабандии сохтори гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Чин дар ҷои 2-юм қарор дорад. Ҳиссаи Чин дар гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон 20,7 фоизро ташкил медиҳад.
Бо дарназардошти зарурати тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни ду кишвар Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ таъсис дода шудааст.
Инчунин, бо мақсади ҳамкориҳои судмани байнисоҳавӣ дар зери Комиссияи мазкур Зеркомиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон-НМСУ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ таъсис дода шудааст.
7 сентябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Чин оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ баргузор гардид.
1-2 ноябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 6-уми Зеркомиссияи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодии Тоҷикистону НСМӮ-и Чин ва Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ноҳияи Мухтори Синзян-Ӯйғур баргузор гардид.
20.11.2023