9 декабри соли 2017 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насрединов Сафири Конфедератсияи Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳаш дар ш. Остона) Урс Шмидро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот ҳамчунин Директори Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон хонум Валбурга Роосс иштирок намуд.
Зимни вохӯрӣ нахуст миёни ҷонибҳо табодули асли паёмҳои табрикотии Сарони кишварҳо ва вазирони корҳои хориҷӣ ба муносибати 25-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Швейтсария сурат гирифт.
Ҷонибҳо сатҳи ҳамкориҳои дуҷонибаи кунуниро баланд арзёбӣ намуда, оид ба густариши муколамаи созанда миёни Тоҷикистону Швейтсария дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ гуфтугӯи судманд анҷом доданд.