25 апрели соли 2014 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири Фавқулода ва Мухтори Малайзия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (муқими Тошканд) Абдул Азиз Ҳорунро ба ҳузур пазируфт.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои густариши минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба, алалхусус таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, кишоварзӣ, саноати сабук, захираҳои табиӣ ва рушди сайёҳӣ мубодилаи афкор намуданд.
Ҷонибҳо инчунин масъалаҳои ҳамкории қобили таваҷҷуҳи тарафайнро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.