Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Корея

20.11.2023 10:10

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея 27 апрели соли 1992 барқарор карда шудаанд.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея моҳи апрели соли 2015 ифтитоҳ ёфтааст ва Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2008 ифтитоҳ ёфтааст. Ҳоло сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Киром Салоҳиддин Амриддинзода ва сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донгсок мебошанд.

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея 27 апрели 1992 барқарор карда шудаанд.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея 13 апрели соли 2015 ифтитоҳ ёфтааст ва Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 июни соли 2008 расман ифтитоҳ ёфтааст. Ҳоло сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Киром Салоҳиддин Амриддинзода ва сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Сонг Шик мебошанд.

Заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии ду кишварро 20 санади ҳамкории байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ташкил медиҳад.

24-25 майи 2005 сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея сурат гирифт. Дар рафти сафар мулоқот бо роҳбарияти он кишвар ва боздид аз корпоратсияҳои фаромиллӣ танзим гардиданд.

12-17 апрели 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари расмӣ ва иштирок дар Форуми 7-уми ҷаҳонии об ба Ҷумҳурии Корея сафар кард.

15-17 июли 2019 бо даъвати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом дод. Зимни он сафар, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвазири Кореяро ба ҳузур пазируфтанд ва инчунин мулоқоти дуҷонибаи ӯ бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Душанбе баргузор гардиданд.

6-8 ноябри 2018, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ба Ҷумҳурии Корея ҷиҳати ширкат дар Форуми байналмилалии “Kor-Asia Forum 2018” сафари корӣ анҷом дод. Дар чаҳорчӯби форуми мазкур мулоқоти муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея ҷаноби Ли Нак Ён баргузор гардид.

Ҷаласаи 5-уми Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея 25 октябри соли 2022 дар шаҳри Сеул баргузор гардид.

Намояндаи доимии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи апрели 2017 ин ҷониб дар Ҷумҳурии Корея фаъолият мекунад.

Баҳри таҳкими муносибатҳои Ҷумҳурии Корея бо минтақаи Осиёи Марказӣ “Форуми ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Корея ва давлатҳои Осиёи Марказӣ” аз 2007 фаъолият мекунад, ки барои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Корея аҳамияти зиёд дорад. Ҳамасола дар рафти Форуми мазкур мавзуъҳои мухталифи ҳамкорӣ баррасӣ мегарданд.

30 октябр - 1 ноябри соли 2023 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар кори Форуми  16-уми ҳамкории Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея дар ш. Ашқобод иштирок намуд.

  4-6 ноябри соли 2024 сафари кории ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷӣ С.Имомӣ бо мақсади иштирок дар 17-умин нишасти вазирони корҳои хориҷии Форуми ҳамкории "Осиёи Марказӣ - Ҷумҳурии Корея" доир гардид. Дар рафти сафар мулоқоти муштараки роҳбарони ҳайатҳо бо Президенти Ҷумҳурии Корея танзим карда шуд.

  6 ноябри соли 2024 дар ҳошияи сафари корӣ мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Имомӣ бо Президенти Ассамблея ва раиси шурои Институти ҷаҳонии рушди сабз (GGGI) Пан Ги Мун баргузор гардид.

 Дар рафти вохӯрӣ С.Имомӣ ба Пан Ги Мун нусхаи аслии санади ҳамроҳшавии Тоҷикистонро ба Созишнома дар бораи таъсиси Институти ҷаҳонии рушди сабз супорида, ҷонибҳо касби узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба GGGI дар роҳи густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим муҳим арзёбӣ намуданд. 

 Моҳи июли 2024 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси узви Созмони ҳамкориҳо дар соҳаи ҷангали Осиё (AFoCO) қабул шуд.

 31 октябри соли 2024 зимни мулоқоти сафири Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Сонг Шик бо вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва шуғли Ҷумҳурии Корея оид ба сафарбар намудани муҳоҷирони меҳнатӣ тавассути Низоми иҷозати кор (EPS) тибқи тартиби корӣ аз ҷониби вазири меҳнати Тоҷикистон ба имзо расонида шуд.

 Пас аз имзои санади мазкур Маркази EPS дар шаҳри Душанбе дар бинои МД “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа” ифтитоҳ гардида, роҳбарии онро ҷаноби Сонг Сангҷин ба уҳда дорад. 

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барномаҳои мухталифи Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (KOIСА) иштирок мекунад.

Гардиши мол байни ду кишвар дар соли 2024 беш аз 150 млн. доллари ШМА-ро ташкил дод.

6 сентябри 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KOICA) Ҷанг Вон Самро ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни суҳбат ҳамкорӣ дар татбиқи тарҳҳои мухталиф, аз ҷумла, дар самти энергетика, нақлиёт, саноат, соҳибкории хурду миёна, рақамикунонӣ, идоракунии давлатӣ ва рушди инсонӣ баррасӣ шуданд.

Дафтари KOICA аз 21 феврали соли 2022 дар ш.Душанбе расман фаъолияти хешро оғоз намуд.

Сармоягузории мустақими Корея то соли 2024 беш аз 100 млн доллари ШМА-ро ташкил медиҳад.

Ба ҳолати 02.03.2025

Нигористон

Тақвим