Вохӯрии Муовини вазири корҳои хориҷӣ бо намояндагони Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба умури паноҳандагон

26.06.2014 18:15

26 июни соли 2014 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов намояндагони Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба умури паноҳандагон - Муовини мудири Дафтари минтақавӣ барои кишварҳои Осиё ва Ҳавзаи Уқёнуси Ором Индрика Ратватте ва Намояндаи минтақавии Раёсат дар Осиёи Марказӣ Бернард Дойлро ба ҳузур пазируфт.

Муовини Вазир Намояндаи тозатаъйини Минтақавии он Созмон дар Осиёи Марказӣ Бернард Дойлро ба муносибати таъйин шуданаш ба ин вазифаи пурмасъул табрик намуда, ба ӯ ҷиҳати амалигардонии фаъолияти касбиаш комёбиҳо таманно кард.

Дар мулоқот як зумра масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла вазъият дар Афғонистон, вазъи паноҳандагон дар минтақа, масъалаи коҳиш додан ва пешгирӣ кардани бешаҳрвандӣ, ҳамчунин масъалаҳои рушди ояндаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Созмон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Нигористон

Тақвим