21 марти 2019 дар Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк бо ташаббуси намояндагиҳои доимии Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Ироқ, Туркманистон, Туркия, Ӯзбекистон ва Сурия ба муносибати ҷашни Наврӯз чорабинии тантанавӣ баргузор шуд.
Дар чорабинии мазкур мақомоти расмии СММ, сафирон ва дипломатҳои кишварҳои аъзои СММ, намояндагони воситаҳои ахбори омма, шаҳрвандони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз иштирок карданд.
Ба меҳмонон таомҳои гуногуни кишварҳои болозикр, аз ҷумла таомҳои тоҷикӣ пешкаш гардиданд. Толори бузурги чорабиниро мизи «Ҳафт син» оро медод.
Иштирок ва ҳузури фаъолонаи ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии мазкур пайванди азалӣ ва ногусастании фарҳанги то
ҷикон ва Наврӯзро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид намуд.