21 марти соли 2019 бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз, Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева дар ҳамбастагӣ бо дигар намояндагиҳои кишварҳои ҳавзаи Наврӯз дар қароргоҳи Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (CУЗМ) чорабинии мӯҳташам барпо намуд.
Дар чорабинии мазкур, муовини якуми Мудири кулли СУЗМ, Нореш Прасат, инчунин сафирони кишварҳои аъзои гуруҳи зикршуда ва тоҷикони муқими Швейтсария ширкат варзиданд. Ба меҳмонон маълумот оид ба фарҳанги ҷашнгирии иди Наврӯз дар Тоҷикистон, инчунин таомҳои миллӣ пешниҳод карда шуданд.