27 марти 2019 дар Қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар ш. Ню-Йорк мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш доир гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои умдаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва СММ, аз ҷумла вазъ дар минтақа ва Афғонистон, мубориза бо терроризм, ҳамкорӣ дар пешбарии татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” ва дигар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.