Иштироки Вазири корҳои хориҷӣ дар чорабинии сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ оид ба иқлим ва рушди устувор

29.03.2019 21:44

28 марти соли 2019 дар толори Маҷмаи Умумии СММ дар ш. Ню-Йорк Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар чорабинии сатҳи баланд таҳти унвони “Иқлим ва рушди устувор барои ҳама” ширкат ва суханронӣ намуд.

Зимни суханронии худ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз таъсири афзояндаи тағйирёбии иқлим ба муҳити зист, рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ва минтақаи Осиёи Марказӣ тазаккур кард. Сироҷиддин Муҳриддин инчунин таъкид намуд, ки солҳои охир дар Тоҷикистон шумораи офатҳои табиӣ ба таври назарраc афзоиш ёфтааст.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон қайд кард, ки истифодаи васеи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия, ба вежа нерӯгоҳҳои обию барқӣ, ки ба муҳити зист кам таъсир доранд, ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар мусоидат мекунад.

Сироҷиддин Муҳриддин афзуд, ки тайи даҳсолаҳои ахир шумораи пиряхҳо дар Тоҷикистон, ки манбаи асосии оби тозаи минтақа мебошанд, коҳиш ёфтааст.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ишора ба афзоиши истеъмоли оби нӯшокӣ дар натиҷаи афзоиши аҳолӣ ва обшавии пиряхҳо, таъкид кард, ки кишварҳои минтақа бояд барнома ва стратегияҳои худро ҷиҳати истифодабарии самараноки об бозбинӣ намоянд ва бо мақсади мусоидат ба мудирияти оқилонаи он тадбирҳои муштарак андешанд.

Сироҷиддин Муҳриддин ҳозиринро ҳамчунин бо натиҷаҳои чорабинии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамбастагӣ байни об ва иқлим», ки рӯзи 27 марти 2019 бо ибтикори ҳайати Тоҷикистон дар қароргоҳи СММ баргузор гардид, шинос намуд.

DSC-0203.JPG

801863.jpg

 


Созмони Миллали Мутаҳид

Нигористон

Тақвим