12 апрели соли 2019 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Мирзошариф Ҷалолов бо Президенти Ассотсиатсияи тиҷорат бо Россия ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ROTOBO) - Раиси Шӯрои мудирони ширкати «Kawasaki Heavy Industries» ҷаноби Шигэру Мураяма мулоқот намуд.
Зимни он ҷонибҳо доир ба татбиқи натиҷаҳои мулоқотҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираи соҳибкорони Япония зимни сафари расмӣ ба Япония (5 октябри соли 2018), дурнамои рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, роҳандозии робитаҳои шарикӣ миёни соҳибкорони ду кишвар ва роҳҳои таҳкими минбаъдаи ин ҳамкориҳо мубодилаи афкор намуданд.
Дар ин росто, ҷонибҳо зарурати фаъол намудани роҳҳои мухталифи ҳамкорӣ, аз ҷумла ташкили анҷуманҳои соҳибкорӣ, роҳандозии робитаҳои мустақим миёни РОТОБО ва сохторҳои соҳавии Тоҷикистонро қайд намуданд.