Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо

15.04.2019 18:55

15 апрели соли 2019 дар ҳошияи Конфронси сатҳи баланд  таҳти унвони “Иттисол барои рушди устувор” дар Бухарест, Руминия вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо Олга Алгаерова доир гардид.

Дар рафти мулоқот мавзӯъҳои марбут ба рушди ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо дар самти  татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор ва Стратегияи миллии рушди кишвар барои давраи то соли 2030, инчунин  масъалаҳои минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Olga-Algaerova-1.jpg

 


Созмони Миллали Мутаҳид

Нигористон

Тақвим