Музокироти мақомоти авиатсияи граждании Тоҷикистон ва Қатар

21.04.2019 12:41

21 апрели 2019 дар шаҳри Давҳа –пойтахти Давлати Қатар музокироти ҳайатҳои мақомоти авиатсияи граждании Тоҷикистон ва Қатар таҳти раҳбарии директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода ва раиси Кумитаи авиатсияи граждании Давлати Қатар Абдулло Носир ал-Субейъӣ оғоз гардид.

Зимни музокирот Икром Субҳонзода ва Абдулло Носир ал-Субейъӣ рафти татбиқи дастурҳои роҳбарони олии ду кишвар дар мавриди таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи ҳамлу нақли байналмилалӣ ва дар ин росто иҷрои амалии Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба алоқаи ҳавоиро, ки дар рафти сафари расмии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қатар моҳи феврали соли 2017 ба имзо расид, баррасӣ намуданд.

Дар ин замина ҷонибҳо атрофи масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои судманди мақомоти авиатсияи граждании Тоҷикистону Қатар ва таҳияи барномаи ҳамкориҳои техникӣ, ифтитоҳи хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ миёни Душанбе ва Давҳа, истифода аз имкониятҳои фурудгоҳҳо ва марказҳои логистикии кишварҳои ҳамдигар ба мақсади рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳӣ табодули назар карданд.

Музокироти ҳайатҳои мақомоти авиатсияи граждании Тоҷикистон ва Қатар то 23 апрели 2019 идома хоҳад ёфт.

Katar-1.jpg

Katar-1.jpg

 

Нигористон

Тақвим