Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар доираи сафари расмӣ рӯзи 23 апрели соли 2019 бо Вазири саноат ва технологияи Ҷумҳурии Туркия Мустафо Варанк - ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ мулоқот намуд.
Ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ ва сайёҳӣ, инчунин тақвияти заминаҳои ҳуқуқии ҳамкориҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар баробари ин, ду ҷониб дар робита ба мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми ду кишвар ва имконияти танзими ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ табодули афкор намуданд.