Супоридани эътимоднома ба Президенти Литва

25.04.2019 13:27

23 апрели 2019 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшариф Ҳақдод эътимодномаи хешро ба Президенти Ҷумҳурии Литва хонум Даля Грибаускайте супорид.

Дар ҷаҳорчӯби маросими мазкур мулоқоти Сафир М.Ҳақдод бо Президент Д.Грибаускайте доир гардид. Дар мулоқот Маҳмадшариф Ҳақдод аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон саломи самимона ва таманниёти боло бурдани ҳамкориҳо байни ду кишварро ба Президенти Ҷумҳурии Литва хонум Даля Грибаускайте расонд. Ҷонибҳо дар бораи ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба ва дурнамои густариши ҳамкориҳо байни кишварҳо ва масъалаҳои дигари мавриди  эҳтимоми муштарак табодули афкор намуданд.

Президенти Литва изҳори итминон кард, ки бо оғози фаъолияти Сафир сатҳи ҳамкориҳои тарафайн боло рафта, муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистону Литва тавсиъа хоҳанд ёфт.

minsk.jpg

minsk1.jpg

 

Нигористон

Тақвим