30 апрели соли 2019 мулоқоти Сафири ғайримуқими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ироқ (бо қароргоҳ дар Кувайт) З. Зубайдзода бо узви Шӯрои Суди Олии Ҷумҳурии Ироқ Ҳусом Абдукарим Юсуф баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаи баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки дар он кишвар қарор доранд мавриди муҳокима қарор доданд. Ҷониби ироқӣ иқдоми инсондӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ситоиш намуда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбари инсондӯст ва оқилу хирадманд унвон намуд.
Ҳамзамон ҷонибҳо роҷеъ ба роҳандозии ҳамкориҳои амниятӣ миёни мақомоти марбутаи ду кишвар, истирдоди занони тоҷик аз Бағдод ба Душанбе ва табодули сафарҳои дуҷониба табодули афкор намуданд.
Бояд кайд намуд, ки казияи шаҳрвандони ноболиғи тоҷик дар Ирок пурра ба анҷом расидааст ва онҳо дар наздиктарин фурсат ба Тоҷикистон баргардонида хоҳанд шуд.