Барқия ба Императори фахрии Ҷопон Акихито

01.05.2019 19:34

1 майи 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Императори фахрии Ҷопон Акихито барқия ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Аълоҳазрат,

Дар ин рӯзҳои таърихӣ нахуст бо камоли сарфарозӣ ба Шумо барои дӯстии самимӣ, ҳусни эътимод ва ҳамкории пайваста сипоси амиқи ин ҷонибро иброз медорам.

Бо хотироти нек аз мулоқоту сӯҳбатҳое, ки тайи солҳои гузашта бо Шумо доштам, мехостам таъкид намоям, ки мо нақши Аълоҳазратро дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстиву ҳамкориҳои гуногунҷанбаи байни Тоҷикистон ва Ҷопон муҳим арзёбӣ карда, ба хизматҳои Шумо дар ин ҷода арҷгузорӣ менамоем.

Умедворам, ки анъанаҳои равобити неки байни кишварҳо ва мардумони мо дар минбаъда низ рушд ёфта, арсаҳои нави ҳамкории барои ҷонибҳо судмандро фаро хоҳанд гирифт.

Ба Шумо, Аълоҳазрат, сиҳатии комилу саодатмандӣ ва ба мардуми дӯсти Ҷопон пешрафту шукуфоии рӯзафзун орзумандам».

Tabrikot-Tochiki-Akihito-YAponiya.jpg

 

Нигористон

Тақвим