3 майи 2019 дар шаҳри Тошканд Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар 11-умин вохӯрии вазирони кишварҳои узви Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи назорати маводди нашъаовар дар Осиёи Марказӣ ширкат ва суханронӣ намуд.
Сироҷиддин Муҳриддин оид ба дастовардҳо ва саҳми босазои Тоҷикистон дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир, ҷинояткории мутташаккили марбут ба он ва иқдомҳои кишвар дар ин самт ибрози ақида карда, ҳозиронро ҷиҳати ширкат дар Конфронси сатҳи баланд зери унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ва ҷинояткории муташаккил”, ки 16-17 соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват намуд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ Эъломияи таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ва пешмоддаҳои он, пешгирии истеъмоли маводди нашъаовар ва маводди психотропӣ қабул гардид.