Вохӯрии Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷӣ ва аврупоии Словакия – Раиси амалкунандаи САҲА

22.05.2019 17:13

Рӯзи 22 майи соли 2019 вохӯрии Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо Вазири корҳои хориҷӣ ва аврупоии Ҷумҳурии Словакия Мирослав Лайчак ҳамчун Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) баргузор гардид.

Зимни мулоқот доираи васеи ҳамкориҳои дуҷониба бо Словакия ва бисёрҷониба бо САҲА мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо аз муносибатҳои кунунӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон омодагии худро ҷиҳати густариши робитаҳо ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар доираи се ченаки ҳамкорӣ бо САҲА баён намуданд.

PS7A3146.jpg

PS7A3244.jpg

 

Нигористон

Тақвим