Сафари кории Сафири Тоҷикистон ба шаҳри Аомории Ҷопон

30.05.2019 14:57

22-24 майи соли 2019, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон Ҷалолов Мирзошариф ба ш. Аомории Ҷопон сафари корӣ анҷом дода, зимни он бо раис ва дигар намояндагони расмии шаҳри Аоморӣ мулоқот барпо намуд.

Боиси қайд аст, ки дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷопон (3-5 октябри соли 2018), миёни Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Аомории Ҷопон Созишномаи ҳамкорӣ дар бораи давраи машқу тамрини пеш аз Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Токио-2020 ба имзо расид.

Аз ин рӯ, 22 майи соли 2019, зимни мулоқот бо Раиси шаҳри Аоморӣ ҷаноби Акиҳико Онодера миёни ҷонибҳо ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи ташаббуси “Шаҳри мизбон”, машқу тамрини пешазолимпии варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи августи соли равон дар  ш. Аоморӣ ва ҳамчунин дигар мавзуҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Пас аз мулоқот, Сафири Тоҷикистон бо намояндагони васоити ахбори оммаи шаҳри Аоморӣ дидор намуда, ба саволҳои онҳо посух гуфт.

Ҳамчунин, дар доираи сафари мазкур мулоқотҳои Сафир бо Раиси Палатаи савдо ва саноати Аоморӣ ва роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Аоморӣ баргузор гардиданд.

00002941.jpg

 

Нигористон

Тақвим