13 июни 2019 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон Мирзошариф Ҷалолов бо Вазири муҳити зисти Ҷопон ва вакили Палатаи намояндагони Парлумони Ҷопон ҷаноби Ёшиаки Ҳарада вохӯрӣ намуд.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои дуҷонибаи ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, инчунин мавзӯъҳои муҳими рӯзномаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.