Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Сангвор

24.06.2019 10:48

24 июни 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ва ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои идона ба истиқболи 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти дорои таъиноти гуногун ва суҳбату вохӯриҳои судманд бо сокинон ба ноҳияҳои водии Рашт ташриф оварданд.

Боздиди кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои водии Рашт аз ноҳияи Сангвор оғоз гардид ва мардуми меҳнатқарини ин ноҳия Пешвои миллатро бо руҳияи болида ва ифтихори баланд аз ватану ватандории миллӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ноҳияи Сангвор дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо шарофати сулҳу ваҳдати миллӣ ва таваҷҷуҳу дастгириҳои рӯзафзуни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд намуда, сокинонаш ба дастовардҳои зиёди меҳнатӣ дар тамоми соҳаҳо ноил гардидаанд.

48118151066-5c374ae3a0-o.jpg

 

Нигористон

Тақвим