20 июни 2019 дар Байрут Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Лубнон Саъд ал-Ҳарирӣ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдзодаро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот оид ба вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Лубнон ва роҳҳои густариши он дар самтҳои мавриди эҳтимоми муштарак гуфтугӯи судманд сурат гирифт.
Саъд ал-Ҳарирӣ аз мулоқоти созандаи худ бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Иҷлоси сарони кишварҳои арабӣ, мусулмонӣ ва америкоӣ, ки моҳи майи соли 2017 дар Риёз баргузор гардида буд, ёдовар шуда, таъкид намуд, ки ҷониби лубнонӣ ба густариши бештари муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду кишвар омода аст.