18-19 июни 2019 сафари ҳайати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия ба вилояти Газиантеп сурат гирифт. Ҳайатро дар ин сафар Раиси Шурои соҳибкорони Туркия ва Тоҷикистон Маҳмуд Эр ҳамроҳӣ намуд.
Дар доираи он сафар мулоқотҳои ҳайат бо Раиси Вилояти Газиантеп Давут Гул, Муовини Раиси шаҳри Газиантеп Усмон Топрак, Раиси Палатаи саноати шаҳри Газиантеп Аднон Унвердӣ ва Раиси Иттиҳодияи содироткунандагони ҷанубу шарқи Анадолу (GAİB) Аҳмет Каплан баргузор гардиданд.
Дар рафти мулоқотҳо доираи васеи масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои миёни ду кишвар, бахусус бо минтақаи Газиантеп дар соҳаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, маориф, фарҳанг, сайёҳӣ ва дурнамои ин ҳамкориҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар доираи сафар ҳамзамон дар мақаери Палатаи саноати вилоят мулоқоти ҳайати Сафорат ва шарикони туркӣ - Раиси Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Туркия, намояндаи тиҷоратии Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон ва дигар кормандони ДЕИК бо соҳибкорони вилоят баргузор карда шуд, ки дар он муаррифии имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.