Ҷаласаи 239-уми Шӯрои намояндагони доимии СҲИ таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон

25.06.2019 18:41

24 июни соли ҷорӣ дар Дабирхонаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ)  дар шаҳри Теҳрон ҷаласаи 239-уми Шӯрои намояндагони доимии кишварҳои узви Созмон таҳти раёсати Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲИ  Низомиддин Зоҳидӣ баргузор гардид.

 Зимни ифтитоҳи ҷаласа Дабири кулли  Созмони ҳамкории иқтисодӣ Ҳодӣ Сулаймонпур раёсати нави  Тоҷикистонро дар Шӯрои намояндагони доимии СҲИ табрик гуфта, изҳори умед кард, ки Шӯро таҳти раёсати Тоҷикистон дар татбиқи қарорҳои ҷаласаи ахири Вазирони корҳои хориҷии СҲИ, ки моҳи апрели соли 2018 дар Душанбе баргузор гардида буд, муваффақ бошад.

Дар ҷаласаи Шӯро масъалаҳои муҳимми тақвияти ҳамкориҳо миёни кишварҳои узви СҲИ, аз ҷумла татбиқи барномаи ислоҳоти СҲИ, танзими пардохти ҳаққи узвияти кишварҳои алоҳида, таъйини намояндаи Афғонистон ба вазифаи муовини Дабири кулли СҲИ, роҳандозии ҳамкориҳо миёни СҲИ ва созмонҳои дигари минтақавиву байналмилалӣ ва масъалаҳои дигар баррасӣ гардида, доир ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Лозим ба таъкид аст, ки Шӯрои намояндагони доимӣ мақоми доимоамалкунанда ва масъули татбиқи сиёсат ва қарорҳои Шӯрои Вазирони корҳои хориҷии СҲИ мебошад. Ҷаласаҳои он дар як моҳ як бор таҳти раёсати кишвари раисикунанда дар СҲИ баргузор мегардад.

20190624-144233-1.jpg

20190624-144225-1.jpg

 

Нигористон

Тақвим