Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Подшоҳи Малайзия эътимоднома супорид

19.07.2019 10:08

18 июли 2019 дар Куала-Лумпур Сафири Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ эътимодномаи худро ба Шоҳи Малайзия супорид.

Пас аз маросими супоридани эътимоднома Шоҳи Малайзия ба Сафири Тоҷикистон дар масири иҷрои вазифаҳои масъулиятноки дипломатӣ муваффақият орзу намуд. Шоҳи Малайзия қайд намуд, ки барои рушд ва тавсеаи муносибатҳои дуҷониба имкониятҳои кофӣ мавҷуданд, ки онҳо ба пуррагӣ истифода намешаванд ва изҳори умед намуд, ки таъйини Сафир ба ин раванд такон хоҳад бахшид.

Инчунин ҷонибҳо дурнамои рушди муносибаҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва гуманитарӣ, ҳамзамон ҳамкории фаъол дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавиро мавриди баррасӣ қарор доданд.  

Сафири Тоҷикистон арз намуд, ки барои рушд ва тавсеаи босамари муносибатҳои дуҷониба миёни кишварҳо ва халқҳои дӯст тамоми кӯшишҳоро ба харҷ хоҳад дод.

ZAI-4934.jpg

 

Нигористон

Тақвим