17 июли 2019, Сафири Тоҷикистон Ҷалолов Мирзошариф ба устони Акитаи Япония сафари корӣ анҷом дода, зимни он бо ноиби устондор ҷаноби Макото Каваҳара мулоқот намуд.
Дар суҳбат, ки дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт, ҷонибҳо ба фаъолсозӣ ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои гуногун таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.