22 июли 2019, дар Дабирхонаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) дар Теҳрон ҷаласаи 240-уми Шӯрои намояндагони доимии кишварҳои узви Созмон таҳти раёсати Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲИ Низомиддин Зоҳидӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласаи Шӯро масъалаҳои омодагӣ ба баргузории ҳамоишҳои муҳим дар чаҳорчӯби СҲИ, аз ҷумла нишасти дуюми Шӯрои ҳамкорӣ дар доираи Созишномаи тиҷоратии СҲИ (18-19 августи 2019, Эрон), нишасти сеюми Вазирони туризми кишварҳои узви СҲИ (22-23 августи 2019, Тоҷикистон), нишасти дуюми Раисони бонкҳои миллии кишварҳои узви СҲИ (29 августи 2019, Эрон) ва масоили дигари тақвияти ҳамкориҳо миёни кишварҳои узви Созмон баррасӣ гардида, доир ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.