24 июли 2019 дар Вена Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Томас Гремингер мулоқот намуд.
Дабири кулли САҲА ҳайати Тоҷикистонро барои бомуваффақият ба анҷом расонидани раёсати кишвар дар Форуми ҳамкории амниятӣ (FSC) табрик намуда, саҳми Тоҷикистонро дар ғанӣ гардонидан ва пеш бурдани рӯзномаи пурмуҳтавои Форум сутуд.
Муовини вазир аз ҷонибдории Котиботи САҲА аз Тоҷикистон зимни раёсаташ дар FSC миннатдорӣ намуда, изҳори боварӣ кард, ки иқдомҳои ҷониби мо зимни раёсати кишвар барои эҷоди фазои эътимод ва таҳкими сулҳу амният дар паҳнои САҲА саҳми арзанда гузорад.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо инчунин доир ба масъалаҳои марбут ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистону САҲА дар ҳошияи се ченаки Созмон, фаъолияти лоиҳавии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, баргузории даври навбатии ҷаласаи Платформаи шарокат ва дигар масоили мавриди эҳтимоми маштарак мубодилаи афкор намуданд.