Вохӯрӣ бо Вазири иқтисод ва дороии Эрон

01.08.2019 15:11

31 июли 2019 дар Теҳрон мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо Вазири  иқтисод ва дороии Эрон Фарҳоди Дижписанд баргузор гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо зарурати истифодаи зарфиятҳои зиёди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва молиявию сармоягузорӣ миёни Тоҷикистону Эронро таъкид карданд.  Ҷиҳати густариши муносибатҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ миёни ду кишвар такмил ва тавсеаи заминаи шартномавии ҳамкориҳо дар соҳаҳои бонкӣ, сармоягузорӣ, бима ва гумрук салоҳи кор дониста шуд.

Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои мушаххаси робитаҳои ниҳодҳои иқтисодиву молиявии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.  Дар фарҷоми мулоқот ҷониби эронӣ роҳбарони вазоратҳои марбутаи Тоҷикистонро ба Теҳрон даъват кард ва изҳори боварӣ намуд, ки ин сафарҳо ба таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи иқтисодию тиҷоратӣ ва молиявӣ миёни ду кишвар мусоидат кунанд. 

YACT6909.jpg

 

Нигористон

Тақвим