Мулоқот дар Палатаи савдо ва саноати Гифу

01.08.2019 17:08

1 августи 2019 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Мирзошариф Ҷалолов дар рафти сафари корӣ ба музофоти Гифу бо Муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Гифу ҷаноби Йеиҷи Ямада мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо дар бораи ба роҳ мондани робитаҳои судманд дар соҳаҳои тиҷорат ва саноат табодули назар намуда, масъалаҳои вобаста ба имконияти барқарори ҳамкориҳои мустақим миёни соҳибкорону тоҷирон ва сармоягузорони Тоҷикистону Японияро баррасӣ намуданд.

Mulokot-bo-Palatai-savdoi-sanoati-Gifu.jpg

Mulokot-bo-Palatai-savdoi-sanoati-Gifu-jpg-2.jpg

 

Нигористон

Тақвим