2 августи соли 2019 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири навтаъйини Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мэтю Лоусонро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ гуфтугу намуданд.