5 августи 2019 дар Теҳрон Сафири Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Вазири нерӯи Эрон ва раиси Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон Ризо Ардакониён мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Эронро дар соҳаи барқ ва об мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамчунин зарурати ҳамкории ҷонибҳо дар анҷоми корҳои боқимонда дар нақби “Истиқлол” таъкид гардид.
Ҷонибҳо оид ба омодагӣ ба баргузории ҷаласаи 13-уми қарибулвуқӯи Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва техникиву фарҳангӣ байни Тоҷикистону Эрон табодули назар намуда, аҳаммияти ҷаласаи мазкурро дар дар таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд таъкид карданд.