13 сентябри 2019 дар Душанбе нахустин даври машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Малайзия таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва Муовини Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия Амран Муҳаммад Зин баргузор гардид.
Ҳайатҳои ду кишвар вазъи кунунӣ ва самтҳои авлавиятноки муносибатҳои дуҷонибаро муҳокима карда, перомуни масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо аҳаммияти машваратҳои мунтазами сиёсиро чун абзори шиносоӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли масоили мавҷуда таъкид сохтанд.
Баъд аз машваратҳои сиёсӣ ҳайати малайзӣ аз Кохи Нарӯз боздид намуд.