Ҷозибаҳои сайёҳии Тоҷикистон дар маҷаллаи “ЭКО ТАЙМЗ”

14.09.2019 15:07

Бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон  ва дар ҳамкорӣ бо Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар партави эълон шудани “Солҳои 2019-2021 - солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар Тоҷикистон, дар шумораи ахири 29-уми маҷаллаи “ЭКО ТАЙМЗ”-и муассисаи мазкур мақолаи калонҳаҷм ба забони англисӣ дар бораи ҷозибаҳои сайёҳӣ ва туризми экологӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расонида шуд. Дар мақола маълумоти ҷолиб ва аксҳо оид ба табиат, кӯҳҳою кӯлҳо ва маконҳои зебову дидании  ҷумҳурӣ, аз ҷумла Боғи миллии Тоҷикистон (Помир), мамнӯъгоҳҳои табиии “Ромит”, “Алмосӣ”, “Зоркул”, Боғи миллию таърихии Ширкент, Боғи миллии Сари Хосор, кӯҳҳои Помир ва Фон, кӯлҳои Сарез, Искандаркӯл ва Ҳафткӯл оварда шудаанд.  Маводди ба нашр расида Тоҷикистони биҳиштосову меҳмоннавозро чун кишвари баландтарин қуллаҳо, бузургтарин пиряхҳои табиӣ, хурӯшонтарин  дарёҳо ва нодиртарин навъҳои  гиёҳон ва ҷонварон муаррифӣ мекунад ва гардишгаронро ба оғӯши табиати зебои кишвар мехонад.

Ҷозибаҳои сайёҳӣ ва туризми экологӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нигористон

Тақвим