28 августи 2019 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон С.Имомӣ дар ҳайати иборат аз Мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Т.Худойбергенов, Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон И.Неъматов ва Ҳокими вилояти Фарғона Ш.Ғаниев аз вилояти Фарғона дидан намуд. Бояд зикр намуд, ки ноҳияи Сухи вилояти Фарғона яке аз ноҳияҳои дурдасти вилоят ба шумор меравад, ки 80 ҳазор аҳолӣ дорад ва 99 дарсади онро тоҷикон ташкил мекунанд. Дар ҳудуди ноҳия 29 мактаби таълимашон ба забони тоҷикӣ амал мекунанд.
Дар рафти сафар маросими ифтитоҳи иншоотҳои нав аз ҷониби Ҳокимияти вилояти Фарғона сурат гирифт.
Пасон боздид аз деҳаи тоҷикнишини ноҳияи Фарғона сурат гирифт, ки дар рафти он корхонаи истеҳсоли пойафзол ифтитоҳ ёфт.