17 сентябри 2019 Сафири Тоҷикистон дар Британияи Кабир Масуд Халифазода ба Донишгоҳи Портсмут сафари корӣ анҷом дод.
Дар он сафар мулоқот бо профессор Крис Чанг, проректори Донишгоҳ ва профессор Боббӣ Меҳта, сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ баргузор гардид. Ҷонибҳо ба масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаи илму маориф, фанноварӣ ва навоварӣ, афзоиши мубодилаи донишҷӯён ишора карда, барқарории шарокат байни Донишгоҳи Портсмут ва донишгоҳҳои Тоҷикистон ва имконияти кушодани шуъбаи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор доданд.