23 сентябри соли 2019 дар ҳошияи иҷлоси 74-уми Маҷмаи Умумии СММ Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Норвегия Ине Эриксен Соереиде вохӯрӣ намуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳо ва роҳҳои тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла сайёҳӣ, энергетика, фанноварӣ ва маориф мавриди муҳокима қарор доданд.
Инчунин дар мавриди густариши ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ мубодилаи созандаи афкор сурат гирифт.