Суханронии ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи кории Ҳамоиши САҲА оид ба раводорӣ ва роҳ надодан ба табъиз, аз ҷумла муроҷиати Дабири кулли САҲА доир ба ақаллиятҳои миллӣ, ҳуқуқҳои шахсоне, ки ба ақаллиятҳои миллӣ дохил мебошанд

25.09.2019 15:01

24 сентябри 2019 дар Варшава дар ҷаласаи кории Ҳамоиши САҲА оид ба баррасии иҷрои уҳдадориҳо дар соҳаи буъди инсонӣ бахшида ба раводорӣ ва роҳ надодан ба табъиз, аз ҷумла муроҷиати Дабири кулли САҲА доир ба ақаллиятҳои миллӣ: ҳуқуқи шахсоне, ки ба ақаллиятҳои миллӣ дохил мебошанд, муовини сардори Раёсати кафолати ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Каримзода суханронӣ кард.

Ӯ қайд намуд, ки дар Тоҷикистон намояндагони миллатҳою қавмҳои гуногун зиндагӣ карда, ҳуқуқи онҳо аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ҳифз ва ҳимоя мегарданд. Ҷумҳурии мо ба зиндагонии раводории қавмҳо, тамаддун, забон ва мазҳабҳои  гуногун аҳаммияти хоса медиҳад.

Шараф Каримзода ба ҳозирин дар бораи батасвибрасонии санадҳои муҳимми байналмиллалӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи ақаллиятҳо, аз ҷумла Конвенсия оид ба рафъи ҳама гуна поймолкунии нажодӣ, Созишнома оид ба масъалаҳои барқарорсозии ҳуқуқҳои шахсони ихроҷгардида, ақаллиятҳои миллӣ ва халқҳо, ҳамчунин Протоколи он; Конвенсия оид ба таъмини ҳуқуқҳои шахсоне, ки ба ақаллиятҳои миллӣ марбут буда, дар сиёсати миллии худ ба ин стандартҳо такя мекунанд, суханронӣ кард.

Ҳамзамон қайд гардид, ки тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ поймолкунӣ бо аломатҳои нажодӣ ва миллию қавмӣ манъ карда шуда, тамоми миллияту халқиятҳои сокини Тоҷикистон ҳақ доранд, бо забони модарии худ суҳбат кунанд.

Karimzoda-25-09-2019-1500.png

Нигористон

Тақвим