Бо ибтикори Сафорат ва Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон 30 сентябри соли 2019 Маркази забон ва фарҳанги тоҷикӣ дар назди факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Қазоқистон ба номи ал-Фаробӣ ифтитоҳ гардид.
Дар чорабинӣ Муовини ректори Донишгоҳи давлатии Қазоқистон, Директори департаменти иттилоотии Намояндагии СММ дар ш. Алмаато, Консулони генералии Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Алмаато, олимону муаллимон ва донишҷӯён ширкат варзиданд.
Чорабиниро Муовини ректори Донишгоҳ ҳусни ифтитоҳ бахшида ҳозиринро аз номи роҳбарияти Донишгоҳ табрик намуд ва инчунин қайд кард, ки ҷаҳониён аз таъриху фарҳанги бою ғании миллати куҳанбунёд ва тамаддунофари тоҷику қазоқ огоҳ буда, ашъори шоиру нависандагонашон дар ҷаҳон машҳур мебошанд.
Консули генерали Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сухани табрикотӣ баромад намуда, дар бораи муносибати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қазоқистон дар самти илм ва фарҳанг сухан гуфт.
Қайд карда шуд, ки ифтитоҳи расмии Маркази забон ва фарҳанги тоҷикӣ дар назди Донишгоҳи давлатии Қазоқистон ба номи ал-Фаробӣ аз сатҳи баланди муносибатҳои кишварҳои мо шаҳодат медиҳад.
Директори департаменти иттилоотии Намояндагии СММ дар Алмаато дар суханронии худ ҳозиринро табрик намуда қайд кард, ки кушодашавии Маркази мазкур фазои наверо барои донишҷӯён мекушояд ва ифтитоҳи он фалсафаи асосии СММ, аниқтараш ташкилоти ЮНЕСКО-ро яъне наздикшавии фарҳангҳоро инъикос менамояд.
Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон ҳозиринро аз номи Роҳбарияти Вазорат табрик намуда ба муаллимон ва донишҷӯён дар кори минбаъдаи онҳо комёбиҳо таманно намуд.
Дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯён шеърҳо аз ашъори шоирони классикии форсу тоҷик қироат гардиданд.