29 сентябри соли 2014 Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ ва Сафири Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Камада Такаши роҷеъ ба лоиҳаи «Беҳтарсозии фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» табодули ёддошт намуданд.
Худи ҳамон руз инчунин маросими имзои Созишномаи грантӣ байни Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдусалом Қурбонов ва Ноиби Президенти Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) ҷаноби Домичи Ҳидеаки вобаста ба лоиҳаи «Беҳтарсозии фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» баргузор гардид.
Дар доираи лоиҳаи мазкур сохтмони терминали боркашй ва насби системаи чароғакҳои равшандиҳанда барои фурудшавии ҳавопаймо (PALS) ва системаи инструменталии фурудшавии ҳавопаймо (PLS) дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар назар дошта шудааст.