Иштироки Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми 12-уми ҳамкории Ҷумҳурии Корея бо кишварҳои Осиёи Марказӣ

17.10.2019 10:24

16 октябри соли 2019 дар шаҳри Нур-Султон 12-умин Форуми ҳамкории Ҷумҳурии Корея - Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ширкат варзид.

Зимни суханронии худ дар маросими ифтитоҳи Форум роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатдории Тоҷикистонро ба рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба дар доираи Форум ва истифодаи имконоти он дар таҳкими ҳамкорӣ ва рушди устувор дар минтақа таъкид намуд.

Дар доираи Форум ҷаласаҳои алоҳида роҷеъ ба масъалаҳои стандартизатсия, обу энергетика, иқтисоди сабз ва фанноварии иттилоотӣ баргузор гардиданд.

Иштирокдорони ҷаласа аҳаммияти масъалаҳои баррасишударо таъкид намуда, татбиқи лоиҳаҳои мушаххас, ки манфиатҳои умумии кишварҳои узви Форумро таҷассум мекунанд, зарур шумориданд.

Дар интиҳои чорабинӣ Изҳороти муштарак ва Нақшаи кории Котиботи Форум барои соли 2020 қабул шуданд.

IMG-20191016-WA0024-17-10-2019-1023.jpg

Нигористон

Тақвим