13 октябри соли 2014 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсияи намояндагони ВАО-и ватанию хориҷиро барои пӯшиши иттилоотии сафари расмии Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 15-16 октябри соли ҷорӣ сурат хоҳад гирифт, оғоз намуд.
Намояндагони ВАО, ки майли иштирок дар пӯшиши иттилоотии сафари мазкурро доранд, бояд ба Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (тел. 221-43-69, e-mail: informdepartment@mfa.tj) муроҷиат карда, маълумотҳои зеринро пешниҳод намоянд:
1. Ному насаби пурраи намояндаи ВАО;
2. Номи ВАО, кишвар ва вазифа;
Муроҷиати намояндагони ВАО барои аккредитатсия то соати 16:00 14 октябри соли 2014 қабул мегардад.