Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ЮНЕСКО

05.11.2019 10:38

Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО)

Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) баъд аз анҷоми ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҷиҳати “бунёди сулҳ дар зеҳни инсоният” таъсис ёфтааст.  

Оинномаи ЮНЕСКО 16 ноябри соли 1945 дар Конфронси Лондон қабул гашта, баъд аз супоридани санадҳои баимзорасидаи он 4 ноябри соли 1946 қувваи худро пайдо намуд. Дар айни ҳол 193 кишвари дунё узви комилҳуқуқи ЮНЕСКО мебошанд.

ЮНЕСКО созмони дар низоми СММ амалкунанда мебошад, ки саҳми худро дар ҷодаи сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ ба воситаи тарғиби ҳамкории миллатҳо дар соҳаи маориф илм ва фарҳанг мегузорад.

Аз 5 ноябри соли 1958 Қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса ҷойгир аст.

Созмони мазкур дорои 67 ниҳоди минтақавӣ мебошад, ки онҳо дар саросари дунё ҷойгир шудаанд.

ЮНЕСКО аз се муассисаи асосӣ иборат мебошад:

  • Конфронси генералии кишварҳои аъзо. Он мақоми олии роҳбарикунандаи Созмон буда, дар ду сол як маротиба дар Иҷлоси навбатӣ ҷамъ меояд, ва тибқи тартиб ҳар як кишвар дорои як овоз мебошад. Конфронси генералӣ барнома ва буҷаи созмонро барои солҳои оянда тасдиқ мекунад;
  • Шӯрои иҷроия аз намояндагони 58 кишвари узв иборат буда, дар як сол ду маротиба ҷаласа баргузор менамояд. Шӯрои иҷроия мақоми маъмурӣ мебошад, ки омода намудани фаъолияти Конфронси генералӣ ва назорати иҷрои қарорҳои дар конфронс қабулшударо ба ӯҳда дорад;
  • Котибот мақоми иҷроияи созмон мебошад. Таҳти роҳбарии Дабири кулл, барномаҳои аз ҷониби давлатҳои аъзо қабулшударо татбиқ менамояд. Дабири кулли ЮНЕСКО ба муҳлати 6 сол интихоб мегардад.

Мақоми танзимгар ва ҳамоҳангсоз миёни ҳукумат ва ЮНЕСКО ин комиссияҳои миллии кишварҳои аъзо мебошад.

Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ЮНЕСКО

Аз давраи ба ЮНЕСКО шомил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 сол гузаштааст, ва дар ин замон Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО таъсис дода шуд.

Комиссияи миллӣ пайрави ҳадафҳои ЮНЕСКО буда, ҳамчун мақоми ҳамоҳангсоз дар муколама миёни ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандии кишварҳои гуногун фаъолият менамояд. Мақоми мазкур вазирон, олимон, рассомон, намояндагони зиёиёни зеҳнӣ, ва дигар ашхоси боистеъдодро муттаҳид месозад.

Чунин таркиби салоҳиятдор шаҳодат аз он медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкории худ бо ЮНЕСКО дар ҷодаи ҳифзи сулҳ тавассути маориф, илм, фарҳанг аҳамияит хоса мебахшад.

Иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 33-юмин Конфронси генералии ЮНЕСКО дар шаҳри Париж дар равобити байни Тоҷикистону ЮНЕСКО саҳифаи тозаро боз намуда, ба ҳамкориҳои судманди ҷонибҳо такони нав бахшид. Дар рафти сафари мазкур Ёддошти тафоҳум миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЮНЕСКО ба имзо расид. Илова бар ин, дар доираи конфронс Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО гузаронида шуданд.   

Дар Ҷаласаи 34-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО соли 2007 Ҷумҳурии Тоҷикистон  аввалин маротиба узви Кумитаи байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба иттилоот ва муошират интихоб гашт.

Аз соли 1956 то ин ҷониб ЮНЕСКО дар чорабиниҳои хотирмон, аз қабили рӯйдодҳои таърихӣ, ҷашнвораҳои ашхоси барҷаста, ки аз ҷониби кишварҳои аъзо ҷашн гирифта мешавад, ҷиҳати аҳамияти ҷаҳонӣ додани он, иштирок меварзад.

Ҷашнвораҳо ин воситаи ҷалби таваҷҷуҳ ба санъаткорон ё рӯйдодҳое, ки ба ғанигардонии мутақобилаи фарҳангҳо, мусоидат дар ҳамдигарфаҳмии байналмилалӣ ва наздикшавии миллатҳо мебошад.

Бо ин роҳ яке аз натиҷаҳои судманди ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ЮНЕСКО ворид намудани санаҳои зерин ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО мебошад:

  • 1150 – солагии асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс Абу Абдулло Рӯдакӣ (соли 2009);
  • 100 – солагии шоири миллии замони шуравии тоҷик Мирзо Турсунзода (соли 2009);
  • 100 – солагии бастакори шуравии тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ (соли 2014);
  • 600 – солагии нависанда, шоири тоҷику форс, файласуф, мусиқашинос, инсондӯст Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ (соли 2014);
  • 3000 – солагии шаҳри қадимаи Ҳисор (соли 2015);
  • 700 – солагии шоир, олим ва файласуфи тоҷику форс Мир Саид Алии Ҳамадонӣ (соли 2015);
  • 100 – солагии асосгузори хареографияи тоҷик, бастакори опера ва рақсҳои тоҷикии замони шуравӣ Ғафор Валаматзода (соли 2016);
  • 1250 – солагии олим, мутафаққири тоҷику форс Ҳакими Тирмизӣ (соли 2016);
  • 1150 – солагии олим, табиб ва файласуфи тоҷику форс Зикриёи Розӣ;
  • 400 – солагии шоири равшанфикри тоҷику форс Миробид Сайидои Насафӣ (соли 2018);

Барои баланд бардоштани огаҳӣ оид ба аҳамияти мероси хаттӣ, мусоидат дар нигоҳдории он тариқи роҳҳои судманд ва дастрасии умум ба иттилоот ва дониш соли 1992 барномаи ЮНЕСКО “Хотираи ҷаҳон” таъсис дода шуд. Тибқи барномаи мазкур мероси хаттӣ мутаалиқ ба ҳамагон буда, он бояд нигоҳ дошта шуда, доимо дастраси омма бошад. Мероси хаттӣ хотираи оммавӣ оид ба ҷомеа мебошад. Ба феҳристи “Хотираи ҷаҳон”-и ЮНЕСКО аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон “Куллиёт”-и Убайди Зоконӣ ва “Ғазалиёт”-и Ҳофизи Шерозӣ (соли 2003) ворид карда шудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон узви фаъоли ЮНЕСКО буда ҳамкориҳоро дар соҳаи маориф, илм, фарҳанг ва ҳифзи мероси фарҳангӣ ва табиӣ пеш мебарад. Инчунин, Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Конвенсия оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ ва табии умумибашарӣ (1972) мебошад.

Яке аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ворид намудани шаҳри Саразми бостонӣ ба Феҳристи мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО дар рафти Ҷаласаи 34-юми Кумитаи ҳифзи мероси ҷаҳонӣ дар соли 2010 мебошад.

Дар ҷаласаи 37-уми Кумитаи номбурда, ки 16-26 июни соли 2013 дар пойтахти Шоҳигарии Камбоҷа, шаҳри Пномпен баргузор гашта буд, Боғи миллии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО ворид карда шуд.

Дар ЮНЕСКО муҳокима оид ба мушкилоти биоэтика солҳои 1990  аз масъалаи барномаи ирсияти инсон оғоз ёфт. Имконпазирии тағйир додани баъзе ирсияти  инсон бо воситаи технологияи нав олимонро ба ташвиш оварда буд.                          

Дафтари ЮНЕСКО ва гурӯҳи олимони байналмилалӣ тасмими таъсиси барномаи фарогири ҷанбаҳои иҷтимоӣ ва ахлоқии ҳуқуқи инсонро гирифтаанд.          

Барномаи мазкур соли 1991 дар Москва таъсис ёфта, боиси қабул гардидани Эъломияи  ҳуқуқи башар оид ба ирсияти инсоният, ва баъдан Эъломияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи маълумоти ирсӣ гашт. Ин сабабгори рушди фаъолияти таълимӣ ва барномаҳои тадқиқотӣ гардид.

Баъдан соли 1998 ЮНЕСКО доираи манфиатҳои худро то масъалаи умумиҷаҳонии биоэтика васеъ намуда Кумитаи байнидавлатии биоэтикаро таъсис дод. Илова бар ин, таъсиси Комиссияи байналмилалӣ оид ба ахлоқи илмӣ ва фаннӣ боиси ташкили комиссия оид ба ахлоқи муошират ва  ахлоқ дар кайҳон буд. Дар соли 2017 Эъломияи принсипҳои ахлоқ вобаста ба тағйирёбии иқлим қабул гардид.

Дар ҷаҳорчӯбаи барномаи мазкур Кумита оид ба биоэтикаи назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки яке аз натиҷаҳои судманди ҳамкориҳо бо Созмон дар самти илм ба ҳисоб меравад.

Моҳи июни соли 2003 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи “Нақши зан дар муколамаи фарҳангӣ дар Осиёи Марказӣ” баргузор гардид. Дар конфронс қарор қабул шуд, ки дар назди Донишгоҳи Славянии Россия ва Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО доир ба муколамаи фарҳангӣ дар ҷаҳони муосир таъсис дода шавад.

Яке аз марҳилаи нав дар ҳимояи байналмилалии мероси фарҳангии ғайримоддӣ ин аз ҷониби давлатҳои аъзо (11 октябри соли 2003) қабули Конвенсия оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ мебошад, ки баъд аз тасвиби он аз ҷониби баъзе давлатҳои узв соли 2006 эътибор пайдо намуд. Конвенсияи мазкур аввалин санади меъёрии ҳуқуқи байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи меросии фарҳангии ғайримоддӣ мебошад.

Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба конвенсияи мазкур соли 2010 шомил гашт. Тайи солҳои гузашта Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номинатсияҳои зерин ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддӣ ворид гаштааст:

11 ноябри соли 2008 “Шашмақом”-мусиқии қадими классикии тоҷикӣ аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун мероси ғайримоддии башарият эътироф карда шуд. Ҳамасола дар Тоҷикистон 12 май ҳамчун Рӯзи «Шашмақом» ҷашн гирифта мешавад.

Моҳи марти соли 2015 Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо 11 кишвари дигари ҳавзаи Наврӯз (Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Туркманистон, Ҷумҳурии Узбекистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Ироқ) пешниҳод намуд, ки ин ҷашнвора ба Феҳристи Мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шавад. Дар 11-умин иҷлосияи Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба Ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО, ки 1 декабри соли 2016 дар шаҳри Адис-Аббеба баргузор гардид, иди Наврӯз ва таоми миллии тоҷикӣ “Оши палав” ба Феҳристи Мероси фарҳангии ғайримоддӣ ворид карда шуданд.

Аз 26 ноябр то 1 декабри соли 2018 дар шаҳри Порт-Луи Ҷумҳурии Маврикий ҷаласаи 13-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО баргузор гардид, ки дар он номинатсияи Тоҷикистон  «Чакан – ҳунари гулдузӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид, ки ин иқдом барои ҳифзу оммавӣ намудани мероси ниёгон, муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳанги ғанию қадимии мардуми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ яке аз дастовардҳои муҳим ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон, бояд қайд намуд, ки аз ҷониби Тоҷикистон “Ҳулбук”, “Фалак” ва “Атлас ва адрас” ҳамчун номинатсияҳои миллӣ ва “Меҳргон” ҳамчун номинатсияи муштараки Тоҷикистону Эрон барои баррасӣ ба ЮНЕСКО пешниҳод гардидаанд.

Соли 2004 шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, ба ҷоизаи “Шаҳри Сулҳ”-и ЮНЕСКО сазовор дониста шуд.

17 сентябри соли 2008 Амрӣ Аминов, ҳайкалтароши маъруфи тоҷик, бо унвони “Наққош барои сулҳ”-и ЮНЕСКО сарфароз гардонида шуд.

Рӯзҳои 20-22 августи соли 2013 Дабири кулли ЮНЕСКО Ирина Бокова ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Дар ин сафар, хонум Бокова бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ анҷом дод. Зимни мулоқот, хонум Бокова ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми арзандаашон дар таҳкими сулҳу субот ва рушди устувор нишони сарисинагии ”60-умин солгарди ЮНЕСКО”-ро супорид. Инчунин, Дабири кулли ЮНЕСКО дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи об ширкат варзида, суханронӣ намуд.

Инчунин, Тоҷикистон ва ЮНЕСКО дар чаҳорчӯбаи Барномаи иштироки (Participation programme) ин созмон ҳамасола фаъолона ҳамкорӣ менамоянд. Барномаи мазкур бо мақсади вусъат бахшидан ва тақвияти зарфиятҳои кишварҳои аъзо тавассути маблағгузории лоиҳаҳои гуногун роҳандозӣ шудааст. Вобаста ба ин, Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО дар чаҳорчӯбаи барномаи мазкур, дар давоми солҳои 1993-2019 лоиҳаҳои мухталифро дар соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг пешниҳод намудааст.

Соли 2018 ба барномаи шабакаи мактабҳои махсусгардонидашудаи ЮНЕСКО (ASP-net) 65 сол шуд. Шабакаи мазкур 11.000 муассисаҳои таълимиро дар 180 мамлакати ҷаҳон дар бар гирифтааст.

Муассисаҳое, ки аъзои шабакаи мазкур мебошанд, вазифаи тарбияи ҷавононро дар анъанаҳои таҳаммулпазирӣ ва муколамаи байнифарҳангӣ тавассути барномаҳои таълимӣ, ки ба иштироки фаъоли донишҷӯён равона карда шудаанд,  мақсади худ намудаанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 мактаби шабакаи махсусгардонидашудаи ЮНЕСКО фаъолият мекунанд.

Барномаи байналмилалии зикршуда сатҳи гуногуни муассисаҳои таълимии давлатҳои аъзои ЮНЕСКО аз қабили муассисаҳои томактабӣ, ибтидоӣ, миёна, таълими касбӣ, барномаҳои таълимии муаллимонро дар бар мегирад. Дар рафти фаъолияти худ муассисаҳои таълимӣ тибқи низоми ягонаи миллии маорифи кишвари худ амал мекунанд.

 Дар баробари ин аъзои барномаро дар саросари ҷаҳон чор самти фаъолият муттаҳид месозад:

- паҳн кардани маълумот оид ба СММ ва ЮНЕСКО;

- экология, ҳифзи муҳити зист;

- омӯхтани мероси фарҳангӣ ва табиӣ;

- ҳуқуқҳои инсон, ҳуқуқи кӯдак, баробарҳуқуқӣ, адами зӯроварӣ.

Баъд аз таъсиси СММ, ки дар он  рағбат ва эътиқод ба ҳадафҳои намояндагони  якчанд кишварҳо ҷамъ омада буд, ҳаракати клубҳои ЮНЕСКО сохта шуд.

Аввалин клуби ЮНЕСКО 19 ноябри соли 1947 дар шаҳри Сендай (Ҷопон) таъсис дода шуд. 4 ноябри соли 1949 ҷаноби Х. Т. Бодэ Директори генералии ЮНЕСКО ҳангоми суханронӣ дар Фаронса ба муносибати сеюмин солгарди ташаккули ЮНЕСКО, ба таъсиси клубҳои ЮНЕСКО дар мактабҳои миёна ва донишгоҳҳо даъват намуд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Федератсияи клубҳои ЮНЕСКО то ба 22 узв расида, дар саросари дунё бошад зиёда аз 4000 узви ҳаракати клубҳои ЮНЕСКО мавҷуданд.

Нигористон

Тақвим